А. Мақсудов: «Кормандони мо аз шарикони аврупоии худ монданӣ надоранд!»

Январь 25, 2013 15:37

Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова) – «Дар соли 2012 аз ҷониби КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба 380 ширкати ҳавопаймоии сохторҳо ва идораҳоиТоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ хизмати аэронавигатсионӣ расонида шуд, ки аз он 21 ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро мунтазам анҷом дода, 359 ширкат парвозҳоро номунтазам анҷом медиҳанд»,-хабар дод директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Анвар Мақсудов зимни нишасти матбуотӣ. А. Мақсудов ҳамчунин таъкид кард, ки дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бо мақсади баланд бардоштани амнияти парвозҳо ба зиёд кардани мутахассисони касбӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар соли 2012 барои омӯзиши мақсадноки донишҷӯён ва баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони корхона 114 ҳазору 862 сомонӣ сарф гардид.Дар маҷмуъ, дар 15 давраи омӯзишӣ барои баланд бардоштани малакаи касбӣ, ки дар заминаи филиали дар Сибир будаи Донишгоҳи аэронавигатсионии шаҳри Красноярски ФР, Донишгоҳи авиатсияи шаҳрвандии шаҳри Тянҷини ҶМЧ ва дар маркази аэронавигатсионии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» доир гардиданд, 157 мутахассиси корхона омӯзонида шуданд. А. Мақсудов дар мавриди сатҳи тахассусии мутахассисони «Тоҷикаэронавигатсия» гуфт: бо тамоми масъулият изҳор медорам, ки кормандони мо на танҳо аз мутахассисони давлатҳои ҳамсоя ва кишварҳои аврупоӣ монданӣ надоранд, баъзан аз онҳо беҳтаранд. Шаҳодати ин гуфтаҳо ишғоли ҷойҳои ифтихориест, ки бачаҳои мо дар озмунҳои байналмилалӣ ба даст овардаанд.

Январь 25, 2013 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад