Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Январь 3, 2013 12:23

Норозигии мардум аз қабули қонуни нави Юнон Душанбе, 3 январ. ( АМИТ «Ховар»).- Парлумони Юнон дар соли нав қонуне бароварданист, ки нафароне, ки аз пардохти андозпулии нав саркашӣ мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ба гуфти расонаҳои хабарии кишвар миёни мардум қонуни нав чандон дастгирӣ наёфтааст. Ба гуфти ҳукуматдорони Юнон ин боиси пешрави мамлакат мегардад. Чунин ҳолат норозигии мардумро ба миён оварда, боиси сар задани бетартибӣ гардид ва низ барои ба эътидол овардани вазъият гуруҳи таъиноти махсус сафарбар гардид. Мухолифин амали ҳукуматдоронро маҳкум намуданд.Пас аз зиёд шудани ҳаҷми андозпулиҳо сокинонро ин раванд сахт нороҳат намудааст ва ин боиси сар задани ҳар гуна иғвоҳо гардидааст. Таркиш дар ДоғистонДушанбе, 3 январ. ( АМИТ «Ховар»).- Субҳи дирӯз дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳри Дарбанди Ҷумҳурии Доғистони Русия таркиши вазнин ба амал омад. Моддаи таркандаи худсохт дар дохили манзили зисти корманди суди граждании кишвар ба кор дароварда шудааст.Дар ин ҳодиса соҳибхона ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Пас аз гузаронидани тафтишоти фаврию ҷустуҷӯӣ аз манзили зисти ҳамсояи ў ба миқдори зиёд силоҳ ва моддаҳои таркандаи худсохт дарёфт ва мусодира карда шудааст. Ихтирои дили сунъӣ Душанбе, 3 январ. ( АМИТ «Ховар»).- Ба гуфти расонаи хабарии «Форс Нюс» табибони Италия дар бадани кўдаки 16-моҳа амалиёти ҷарроҳии дили сунъиро бомуваффақият анҷом доданд. Ба гуфти сардори раёсати тандурустии Вазорати тандурустии Италия ҷарроҳӣ аз тарафи мутахассисони беморхонаи кўдакона амалӣ шудааст. Табибон саломатии маризро хуб арзёбӣ менамоянд. Бояд гуфт,ки ин узви сунъӣ аз титан ва пластика тайёр шуда, вазнаш 11 граммро ташкил медиҳад. Ҳаҷмаш хурд мебошад, вале дар як дақика то ним литр хунро мегузаронад. Ба гуфти мутахассиси соҳа таҷҳизоти дар бадани кўдак насбшуда то дер гоҳ боқӣ хоҳад монд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ.

Январь 3, 2013 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад