Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Ҳисоботи 4 -солаи Барак Обама
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Амрико Барак Обама зимни нишасти матбуотӣ дар бораи фаъолияти 4- солаи худ ба парлумони кишвар ва мардуми ҷумҳурӣ ҳисобот дод. Барак Обама иброз дошт, ки дар ин давра иқтисодиёти мамлакат инкишоф ёфта, ҷойҳои нави корӣ муҳайё шуданд. Президенти Амрико таъкид намуд, ки барои беҳдошти ҳолати иқтисодии мамлакат Сенатро зарур аст, ки лоиҳаи қонунро дар бораи ҳаҷми ниҳоии қарзи давлатӣ қабул намояд. Ва низ Барак Обама зикр намуд,ки барои пешгирии фурўш ва бо худ доштани силоҳ, ки боиси содир кардани ҷиноят ва зӯроварӣ мегардад, тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд. Аз ҷониби мутахассисони ҳукуматӣ ва мақомоти дахлдор пешниҳод шуд,ки ассотсиатсияе таъсис шавад, ки он ба масъалаи таъмини бехатарӣ дар мактабҳои олӣ ва мактабҳои ибтидоӣ машғул бошад. Ёдрас мешавем, ки дар аввалҳои моҳи декабри соли 2012 20 толибилм ва 6 омўзгор дар маҳаллаи Сенди Хук бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба ҳалокат расиданд.
Ифротгароӣ дар шимоли Мали
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки сомонаи интернетии «Hamshahri.com» хабар медиҳад, Фаронса аз ҷониби Шўрои бехатарии СММ барои мавриди ҳамла қарор додани силоҳбадастони ифротгаро дар шимоли Мали дастгирӣ ёфт. Ёдовар мешавем, ки аз 11-уми январ ҳавопаймоҳои Фаронса ба минтақаҳои силоҳбадастон зарба заданд. Ба гуфти котиби матбуотии Вазорати корҳои дохилии кишвар, нерўҳои низомии Мали низ пас аз дастгирӣ аз ҷониби Фаронса муқовиматро бо силоҳбадастон оғоз карданд. Силоҳбадастон шаҳри Диабалиро аз назорати ҳарбиён ба дасти худ гирифтанд.Сарвазири Фаронса Жан Марко Аро изҳор кард, ки Фаронса бо дархости президенти Мали ва риояи меъёрҳои СММ амалиётро оғоз кардааст. Париж умед бар он дорад, ки давлатҳои африқоӣ низ рўзҳои наздик артиши худро вориди Мали мекунанд. Барои дастгирии Фаронса дар ин амалиёт Белгия, ИМА, Британияи Кабир, Канада ва Дания омодагии худро иброз намудаанд. Бояд гуфт, ки Британияи Кабир низ аллакай як ҳавопаймои низомии худро ба Мали сафарбар кардааст.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






