Ф. Саидов: «У. Қувватов дар қаллобӣ гунаҳгор дониста мешавад»
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Соҳибкори собиқ, роҳбари созмони мухолифи «Гуруҳи 24» Умаралӣ Қувватов бо чунин ҷиноятҳо, чун қаллобӣ ва гаравгонгирӣ гунаҳгор дониста мешавад, -гуфт 25 январ зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов.Тибқи суханони ӯ нисбат ба У. Қувватов дар асоси шикояти шаҳрвандони хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.«Ба мо аз болои У. Қувватов якчанд ариза аз ду шаҳрванди Афғонистон ва Чин ворид шудааст. Инчунин чанде қабл 4 ариза аз шаҳрвандони худамон ворид гардид, ки онҳо пештар барои ошкор кардани он ки дучори фиребу найрангҳои ин соҳибкор гардидаанд, хомӯширо авло медонистанд»,- зикр кард директори агентӣ ва илова намуд, ки нисбат ба ин амал аз ҷониби агентӣ бо моддаи 247 қ. 4 ва 181 КҶ ҶТ парванда кушода шудааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.Ёдовар мешавем, ки У. Қувватов 23 декабр дар шаҳри Дубай боздошт гардид. Прокуратураи генералии ҶТ барои истирдоди вай ба АМА дархост пешниҳод кардааст.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






