Изҳори нигаронӣ аз афзоиши шумораи муҳоҷирони ноболиғ
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 3 ҳазору 130 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар мувофиқа бо қарори суд дар соли 2012 аз Федератсияи Русия бароварда шуданд. Ғайр аз ин дар давраи ҳисоботӣ аз ин кишвар 102 муҳоҷири тоҷик ихроҷ гардид. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев ба хабарнигорон хабар дод.Ба иттилои ӯ дар соли 2011 шумораи муҳоҷирони тоҷики баровардашуда 3 ҳазору 936 нафар ва шумораи ихроҷшудагон 74 нафарро ташкил дод. Сардори Хадамоти муҳоҷират хабар дод, ки соли гузашта 400 шаҳрванди хориҷӣ барои вайрон кардани қоидаҳо ва истиқомати ғайриқонунӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аз ҷумҳурӣ бароварда шуданд. «Аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират дар соли 2012 ба шаҳрвандони хориҷӣ 5 ҳазору 211 иҷозатнома барои кор дода шуд. Аз ҳисоби додани иҷозатномаҳо барои кор ба буҷаи давлат зиёда аз 6 миллион сомонӣ ворид гардид. Иҷозатнома барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ танҳо ба муддати як сол дода мешавад»,- гуфт С. Девонаев. Ҳамзамон сардори Хадамоти муҳоҷирати кишвар аз он изҳори нигаронӣ кард, ки шумораи муҳоҷирони ноболиғ меафзояд. Ба қавли ӯ дар соли 2012 74 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳанӯз ба синни 18 нарасидаанд, ба муҳоҷират ҷалб гардидаанд. Дар айни замон шумораи тоҷикистониёни муҳоҷире, ки муваққатан дар Федератсияи Русия кор мекунанд, 744,3 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора зиёда аз 3 ҳазор нафарашонро муҳоҷирони баландихтисос ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






