Марказҳои гармидиҳӣ пурра бо ангишт фаъолият мекунанд
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). –Масоили афзун намудани ҳаҷми сармоягузориҳои ширкатҳои чиноӣ ба рушди конҳои ангишти Миёнаду, Зиддӣ ва Камароб як рӯз қабл дар вохӯрии вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ бо раиси Шӯрои директорони ширкати чиноии «Кайсун Майнинг Корпорейшн» Чан Неп Ки Ҷозеф баррасӣ шуданд.Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин нақшаи чорабиниҳои ҳамкориҳои ширкатҳои чиноӣ бо шарикони тоҷикистониашон дар соли 2013, аз ҷумла масъалаи бунёди марказҳои барқу гармидиҳӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, ки пурра бо ангишт фаъолият мекунанд, муҳокима гардид. Бунёди чунин як маркази барқу гармидиҳӣ аз ҷониби ширкати чиноии ТВЕА дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






