Нахустин ҷаласаи Кумитаи тадорукоти «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукоти омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳо дар доираи «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об- 2013» баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои таъсиси Кумитаи байналмилалии ҳидояткунанда ҷиҳати омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳо дар доираи «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013» бо ҷалби ташкилотҳои дахлдори СММ ва олимону коршиносони хориҷӣ, пешбарии лоиҳаи Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ роҷеъ ба чораҳои омодагӣ ба «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об- 2013» ва масъалаҳои ташкилию техникии омодагӣ ва гузаронидани ин чорабиниҳо, аз ҷумла ташкили гуруҳи кории Кумитаи тадорукот ва механизми фаъолияти он баррасӣ гардиданд. Дар ҷаласа роҷеъ ба масоили мазкур вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, вазири мелиоратсия ва захираҳои об Раҳмат Бобокалонов, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ва дигар шахсони масъул гузорищ доданд. Маврид ба зикр аст, ки мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ва гузаронидани тадбирҳо дар доираи «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013» тасдиқ шуда, тибқи он ташкили ҷаласаи махсуси масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об дар Рӯзи ҷаҳонии об (22 марти соли 2013) дар СММ, ташкили ҷаласаи махсуси масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии об (августи соли 2013) дар Стокголм, ташкили конфронсу семинарҳо доир ба масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳо дар соҳаи об дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе, гузаронидани озмунҳои гуногун миёни донишҷӯён ва мактаббачагон дар мавзӯи «Тоҷикистон – ҷонибдори ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва чопи китоби махсус таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари пешбарандаи равандҳои ҷаҳонии об» дар назар аст.Ёдовар мешавем, ки 21 декабри 2012 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро таҳти унвони «Татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013» қабул кард. Ин қатънома аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон дар СММ дар чаҳорчӯби банди 20-уми рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки «Рушди устувор» ном дорад, таҳия ва пешниҳод гардида буд. Тибқи он соли ҷорӣ ҷомеаи байналмилалӣ «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»-ро қайд хоҳад намуд. Бори нахуст пешниҳод дар бораи эълони «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми V ҷаҳонии об, ки моҳи марти соли 2009 дар Истанбул баргузор шуд, садо дод. Бо иттифоқи оро қабул гардидани қатънома бори дигар нишон дод, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавзӯи об аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, мавриди таваҷҷуҳ ва пуштибонии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






