Паррандагон-дӯстони мо

Январь 26, 2013 11:50

Кӯлоб, 26 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонӣ бо мақсади ҳифзу нигоҳдошти ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандагони дастӣ дар фасли зимистон дар мавзеъҳои ҷамъшавии онҳо аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва сокинон як миқдор дону кунҷора ва дигар намуди хӯрокӣ дастрас гардид. Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Фархор барои аз талафёбӣ эмин доштани ҳайвоноту паррандагон имрӯзҳо дар соҳили дарёи Панҷ -дар мавзеъҳои Кокул ва мавзеи Сайёд корҳои биотехникиро анҷом медиҳанд. Барои ҳифзи боигариҳои табиӣ чунин чорабиниҳо аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ амалӣ мешаванд. Кормандони соҳа дар дигар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон низ аз ҳисоби мутахассисон ва ҷалби сокинони деҳот гуруҳҳои корӣ созмон дода, ният доранд, ки то фарорасии мавсими баҳор дар рӯзҳои сарди фасли зимистон ҳайвоноту паррандагонро дар мавзеъҳои куҳдоман бо маводи хӯрокӣ ба қадри кофӣ таъмин намоянд.

Январь 26, 2013 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз аз нашри нахустин шумораи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» 19 сол сипарӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ВОСИТАИ МУАССИРИ ЭЪТИРОФ. Барои ҳар шахси озодихоҳ неъмате муқаддастар аз он нест
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд
«МегаФон Life» – доимо дар алоқа, ҳатто вақте ки паёмрасонҳои муқаррарӣ дастнорасанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои кишоварзии Ҳисор маъракаи пахтачинӣ оғоз гардид