Ширкати чиноӣ дар Тоҷикистон $500 млн. сармоягузорӣ мекунад

Январь 19, 2013 12:13

Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Чанде қабл раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо роҳбарияти Корхонаи саноати куҳии Тоҷикистону Чин мулоқот намуд.Аз Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот зикр гардид, ки дар соли сипаригашта корхона фаъолиятро самарабахш ба роҳ монда, нақшаи истеҳсолиро барзиёд иҷро намуд. Аз оғози фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкат 150 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ ворид шудааст.Дар баробари ин, аз ҷониби сармоягузорони чиноӣ иттилоъ дода шуд, ки ширкат дар мувофиқа бо мақомоти болоии худ дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин сохтмони заводи металлургиро бо назардошти на танҳо коркард ва истеҳсоли маҳсулоти металлургӣ, балки кислотаи сулфурӣ низ ба нақша гирифтааст, ки ҳаҷми сармоягузории он тақрибан 500 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.Дар ин замина тарафҳо роҳҳои суръатбахшии оғози татбиқи лоиҳаи мазкур ва имтиёзу имкониятҳо барои сармоягузорон ҳангоми ба роҳ мондани ҷараёни татбиқи онро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Январь 19, 2013 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст