Такони ҷиддӣ баҳри рафъи камбудиҳо

Январь 9, 2013 10:34

Турсунзода, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Заҳматкашони шаҳри Турсунзода соли сипаригардидаро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Дар ин муддат беш аз 40 иншооти нав мавриди истифода қарор гирифт. 17- тои он корхонаи хурди саноатӣ мебошад ва ба ин восита зиёда аз 300 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид,-иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмаҳмадов. Раиси шаҳр зимни нишасти матбуотӣ дар бораи бурду бохти соҳаҳои гуногуни шаҳр маълумот дод. Дар соли 2012 ба маблағи 421 миллиону 661 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2011 23 миллиону 252 ҳазор сомонӣ зиёд аст.Нақшаи кишти тирамоҳӣ ва шудгори заминҳо сари вақт анҷом ёфтааст. Нишасти матбуотӣ бо саволу посухҳои муносиб, фаъолнокии рўзноманигорон ва кормандони мақомоти иҷроия баҳри рафъи норасоиҳои ҷойдошта мусоидат хоҳад кард.

Январь 9, 2013 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст