«Тоҷикматлубот»дар Балҷувон меҳмонхона месозад

Январь 18, 2013 17:00

Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Солҳои охир аз ҳисоби маблағҳои дохилии Иттифоқи «Тоҷикматлубот» барои ривоҷи соҳаҳои истеҳсолкунандаи молу маҳсулоте, ки пештар аз хориҷи кишвар ворид мешуд, якчанд иқтидори истеҳсолӣ, ба монанди ҶДММ «Корхонаи коркарди пашму пӯст» дар ноҳияи Ваҳдат, ҶДММ «Корхонаи коркарди болопӯши пашмин» дар ноҳияи Данғара, корхонаи нави коркарди меваю сабзавот дар ноҳияи Б. Ғафуров, Ховалинг, Файзобод, инчунин корхонаи истеҳсоли нон, ду сехи қаннодӣ ва як сехи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд.   «Мо ният дорем, ки дар давоми соли равон ду корхонаи нави коркарди меваю сабзавот, як корхонаи коркарди меваи хушк ва инчунин меҳмонхона дар ноҳияи Балҷувон, чойхона ва тарабхона дар ноҳияи Данғараро сохта, навсозии корпуси илмӣ дар ДДТТ-ро ба анҷом расонем», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Сироҷиддин Валиев. «Дар соли сипаригашта корхонаи коркарди болопӯши пашмини ноҳияи Данғара зиёда аз чор ҳазор полопӯш ва болишт истеҳсол намуд», — афзуд раиси Раёсат, — ва ин корхона имкон дорад, ки дар соли равон ҳафт ҳазор болопӯш истеҳсол карда, ба мизоҷон пешкаш намояд.

Январь 18, 2013 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад