Зариф Ализода: «Ҳуқуқҳои муҳоҷирон бояд ҳимоя шаванд!»

Январь 30, 2013 16:21

Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).-Танҳо дар соли 2012 аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор минтақаи кишвар қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шуд. Дар айни ҳол қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳрҳои Турсунзода, Роғун ва ноҳияҳои Айниву Рашт дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» ва дастгирии молиявии Вазорати рушди байналмилалии Британияи кабир (DFID) ва дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қурғонтеппа, Хоруғ ва Кӯлоб бо дастгирии молиявии ниҳоди даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон «ДИПЧ» фаъолият менамоянд.  Ба қавли Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ 42 мулоқоти судманд анҷом додааст. Ба иловаи номбурда ба наздикӣ аз ҷониби ВҲИ гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ҷиҳати анҷом додани мулоқот бо муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳрҳои Русия ва ба ин восита баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии эшон сафарбар мешаванд, то ҳуқуқҳои ин табақаи аҳолии мамлакат дар кишвари корфармо нақз нагарданд.

Январь 30, 2013 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад