Баҳонаи калон барои навиштани мақолаи хурд
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Таърих сиғаи шартиро қабул надорад ва таҳрифи рӯйдодҳо, қасдан иваз кардани ширкаткунандагон, тақаллуб, табдили санаҳо ва далелҳоро намебахшад. Ҳама гуна фиреб ҳадафи худро дорад, яъне ба иштибоҳ андохтан, фиреб додан, худро аз ҳар ҷиҳат хуб нишон додан. Ба ин вазъ имрӯз на танҳо аҳли ҷомеаи Тоҷикистон, балки тамоми аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ гирифтор аст, ки ба онҳо роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ таҷлили ҷашни пешоянди 40-солагии таъсиси созмони мазкурро эълон доштааст. Ҷашнгирии санаи таъсиси ҳизб ба таври густурда моҳи апрели соли равон бо даъвати меҳмонони байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст. Вале аз куҷо ин сана пайдо шуд? Зимнан маҳз чилсолагиро қайд кардан дар бисёр динҳо фоли бад маҳсуб мешавад.Тибқи маълумоти расмӣ ва ба ҳисоби мо санаи таъсиси ҲНИТ – ро 26 – уми (27) октябри соли 1990 — ум, яъне Рӯзи ҷаласаи якуми Анҷумани муассисон бояд ҳисобид. Ё ин ки, 4 декабри соли 1991, яъне Рӯзи бақайдгирии ҲНИТ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Фаъолияти он тибқи қарори Суди Олии ҷумҳурӣ моҳи июни соли 1993, баъд аз он ки тирамоҳи соли 1992 гурӯҳи фаъолони ҲНИТ таъсиси зиддиконститутсионии ҷумҳурии исломии Ғармро дар Қаротегин эълон карданд, манъ карда шуда буд. ҲНИТ инчунин яке аз ташкилотчиёни гузаронидани эътирози бидуни иҷоза дар майдони Шаҳидон аз 26 март то 23 апрел ва аз 25 апрел то 5 майи соли 1992 мебошад. Баъди мамнуъият аксарияти роҳбарон ва аъзои ҲНИТ ба хориҷи кишвар, асосан ба Афғонистон ва Эрон, муҳоҷират карданд. Бархе аз онҳо мавқеи пешбарандаро дар сафҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷик ишғол намуданд. Дар Давлати исломии Афғонистон соли 1993 Ҷунбиши наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҶНИТ) таъсис дода шуд, ки дар он ба ғайр аз гурӯҳи мусаллаҳ, инчунин як қатор гурӯҳҳои таблиғотӣ ва тахрибкор ворид буданд: рӯзномаи «Садои муҷоҳид», «Радиои Тоҷикистони озод», агентии иттилоотии «Хуросон — пресс», киностудияҳо, хадамоти ҷосусӣ ва аксулҷосусӣ. Манбаъҳои маблағгузорӣ низ густариш ёфта буданд. Такроран ҲНИТ 28 сентябри соли 1999 ба қайд гирифта шудааст. Дар бораи кадом ҷашни 40 — солагӣ метавон ҳарф зад, вақте ки аввал ҲНИТ танҳо ҳамчун бахш, шуъбаи тоҷикии Ҳизби умумииттифоқии исломии ИҶШС буд, ки моҳи июни соли 1990 дар Астрахан таъсис ёфт? Танҳо баъди ҳамин иҷлосия вакилон Давлат Усмон ва Саидиброҳим Гадоев, ки ба Тоҷикистон баргашта буданд, аз Шӯрои Олии ҷумҳурӣ илтимос намуданд, ки ба гузаронидани конфронси минтақавии муассисони Ҳизби наҳзати ислом иҷозат диҳад, вале аввал иҷлосияи Шӯрои Олӣ дархостро баррасӣ намуда, фаъолияти ҲНИ — ро дар ҳудуди ҷумҳурӣ манъ кард. Аз ин пайдост, ки то 40 – солагии ҷашни ҳизб хеле соли дигар ҳаст. Рақами чили казоӣ аз куҷо пайдо шуд?Имрӯз намояндагони ҲНИТ изҳор мекунанд, ки то солҳои 90 — ум ҳизби онҳо 20 сол пинҳонӣ вуҷуд дошт. Онҳо хотиррасон мекунанд, ки 20 апрели соли 1993 маҷлиси муассисони ҳизби исломӣ баргузор гардид, ки дар он Саид Абдуллои Нурӣ иштирок дошт. Дертар ӯ худ ошкоро гуфта буд, ки дар ҷавониаш аз хориҷ «дастури боарзиш» гирифта ва дар соли 1975 созмони ғайриқонунии ҷавонон- «Наҳзати исломӣ» — ро таъсис додааст. Чунон ки мебинем, худи наҳзатиён то охир наметавонанд дар бораи санаи таъсиси ҳизб ба як қарор биёянд ва дар далелҳову санаҳо раҳгум мезананд.Дар аввали солҳои 70 – ум ҳатто асосгузори ҷунбиши диниву ифротгароӣ дар Осиёи Миёна, яъне Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) ҳанӯз дар лоиҳа, гаҳвора ва дар ҳолати ҷанин қарор дошт. Чӣ расад ба Тоҷикистони шӯравӣ, ки дар он рӯҳияи эътирозӣ ҳеҷ гоҳ баръало намоён ва таҳдидкунанда набуд. Имконнопазир буд, ки дар солҳои 70 – уми қарни гузашта зери чашми ҳамабини мутамаркази КАД ИҶШС, ки «дастҳои дароз» дошт (то гирду атрофи Осиё мерасиданд), сохтори пинҳонии ба монанди ҲНИТ – и кунунӣ дар пинҳонкорӣ на танҳо метавонист пайдо шавад, балки гӯё фаъолият кунад! Дар он замон, вақте ки ҳар гуна ишора ба амали зиддишӯравӣ ва камтарин дигарандешӣ бераҳмона бартараф ва ҷазо дода мешуданд. Дар он солҳо, ҳангоме ки динҳо (насронӣ, мусулмонӣ ва ғайра) аз давлат ҷудо нашуда буданд ва махфиёна ба ӯ хизмат мекарданд. Шабакаи ҳамабини агентии сершоха зуд ошкор мекард ва мақомоти дахлдорро огоҳ менамуд, ки дар куҷо ва чӣ тавр православиҳо Пасхаро қайд менамоянд, кадом муллоро мусулмонон ба худоӣ даъват намуданд ва дар кадом маҳалла якҷоя Қуръони Каримро меомӯзанд. Ҳолатҳои ҷудогонаи омӯзиши қонунҳои дин дар хона решакан мешуданд. Фақеҳони камшумори ботаҷрибаро панҷ панҷа барин медонистанд ва онҳоро ҷиддан назорат мекарданд. Қисми асосии муллоҳо фарзияҳои диниро дар вақти холӣ аз кори бахши давлатӣ иҷро мекарданд. Шаҳрвандони оддӣ пинҳонӣ, бидуни ошкор намудани эътиқоди динии худ имон меоварданд. Дар солҳои 70 – ум Тоҷикистон мисли дигар ҷамоҳири шӯравӣ давлати шӯравии дунявӣ бо маънои томи ин мафҳум маҳсуб меёфт. Магар дар бораи мавҷудияти кадом ҳизби сиёсии мухолифин ё фаъолияти динӣ дар он замони тоталитарӣ мумкин аст сухан гуфт, дар сурате ки амали маишии дину оин – таъмид, ҷаноза ва дигар маросимҳои оин манъ шуда буданд, ё ин ки зери назорати ҷиддии давлат қарор доштанд? Бинобар ин соли 1973 –юми қарни гузашта, ки наҳзатиён аз он ноодилона ҳисоб мебаранд, ягон хел ҳизби исломӣ усулан ва умуман дар ҳудуди Тоҷикистони шӯравӣ наметавонист вуҷуд дошта бошад. Чӣ расад ба ягон фаъолияти ҷиддии оппозитсионӣ ё диниву махфии он. Ва танҳо дар охири солҳои 90 – ум, замони бозсозии Горбачёв, дар фазои пасошӯравӣ шумораи зиёди ҳар гуна ҷунбишҳои мӯдшудаи сиёсии расмӣ ва ғайрирасмӣ, ҳизбҳо, ҷабҳаҳо ва фраксияҳо пайдо шуданд. Маҳз ҳамон вақт иттиҳодияи нави ҲНИТ таъсис ёфт, ки мақсади худро ба сифати мубориза барои муттаҳидшавии ҳамаи мусулмонони ИҶШС расман эълон карда буд. Гузаштҳои айёми бозсозӣ ҳеҷ гуна натиҷаи хубе ба бар наовард. Дар асл ҳадафи воқеии ҲНИТ, вазифаи ниҳоии он ба кадом усуле, ки бошад, бунёд кардани давлати исломӣ гардида буд. Вале бинобар он, ки бо мусолеҳа ва роҳи ғайриинқилобӣ анҷом додани ин кор имконнопазир менамуд, ҳама гуна усулҳову василаҳо пеш гирифта шуданд. Наҳзатиён дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҳизбҳо ва ҳаракатҳои навбаромади ихтилофгаро (оппозитсионӣ), ки чун замбӯруғи баъди борон мерӯиданд (Ҳизби демократ, «Растохез», «Лаъли Бадахшон», «Носири Хисрав»), зери шиъорҳо ва даъватҳои демократӣ дар майдонҳои асосии шаҳри Душанбе ҳамоишҳои эътирозии бисёршабонарӯзӣ ташкил намуданд. ҲНИТ арзишҳои дурӯғини ба ном демократиро ниқоб карда, чунин вонамуда, ки гӯё ғояҳои ҳамоишҳоро дастгирӣ мекарда бошад, боварии қуввуҳои ихтилофгарои дунявиро ба даст овард. Назҳатиён аллакай таҷрибаи ба ҳокимият фишори ҷисмонӣ расониданро доштанд. Пештар, ҳанӯз то расман ташкилот шудан, аъзоёни ояндаи он солҳои 1989 ва 1990 дар бенизомиҳои оммавӣ дар ш. Душанбе иштирок карда буданд. Онҳо бо яроқҳои оташфишон мусаллаҳ шуда, ҳама касу ҳама чизро зеру забар менамуданд. Тибқи ёддоштҳои шоҳидон, пойтахт ба саҳнаи мухолифату мубориза, тарсонидани аҳоливу ҳукумат табдил ёфта буд. Ва ин танҳо оғози кор буд. Пешвоёни ҲНИТ инони вазъиятро пурра ба дасти худ гирифта, хамоишҳоро аз «демократӣ» ба динию тундгароӣ мубаддал намуданд. Оқибат натиҷаи ин воқеаҳои хунин, ки аъзои ҲНИТ ташкилгарону иштирокдорони бевоситаи онҳо буданд, ҷанги шаҳрвандии густурда, қурбониҳои зиёди инсонӣ ва харобиҳо гардид. Дар оғози мухолифат аз дасти онҳо намояндагони гулҳои сари сабади миллати тоҷик — прокурори генералии ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев ва муовини аввали раиси вилояти Кӯлоб Сайфиддин Сангов ҳалок шуданд. Баъдан шумораи қурбониёни аз дасти наҳзатиён кушташуда меафзуд. Онҳо на танҳо пешвоёни сиёсӣ, балки намояндагони аҳолии осоиштаи ғайрисиёсиро низ нобуд мекарданд. Дар замони осоишта ҲНИТ роҳи равишашро (тактикаашро) ба хотири ҳадафи ниҳоӣ (стратегия) дигар намуд, то ки ҳокимияти сиёсии яккатозиро дар Тоҷикистон соҳиб шавад. Ниқобпӯшӣ ва мутобиқшавии он ҳанӯз баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ, ҳангоме ки ҷанговарони амалҳои зиддиҳуқуқӣ содиркардаи Иттиҳоди мухолифини тоҷик авф карда шуданду ба ҳайати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ворид гардиданд ва ашрофонашон аз рӯи квотаи 30 — фоиза дар сохторҳои ҳукуматӣ мансабҳо ишғол намуданд, оғоз ёфта буд. Бартарияти дӯстиву ҳамкориро бо ҳокимият дарк карда (зеро «сулҳи гургоштӣ беҳ аз ҷанги ошкоро» аст), афзалияти чунин муносибатҳои мутақобила ва ҳамзистии осоиштаро эҳсос намуда, пешвоёни ҲНИТ ниқоби порсоӣ пӯшида, вонамуд карданд, ки аз ниятҳои қаблии худ — дар ҳудуди Тоҷикистони кунунӣ бунёд намудани Хилофати ҷаҳонӣ — даст кашидаанд. Бо ин мақсад ҳизб аз моҳи марти соли 2010 ба татбиқи роҳи равиши (тактикаи) нав оғоз кард, ки ба интихоботи парламент дар соли 2015 роҳандозӣ шудааст. Ҳақ ҷониби он таҳлилгаронест, ки тибқи ақидаи онҳо «ҲНИТ имрӯз низ нисбат ба рушди кишвар, ҳамчунин нисбат ба арзишҳои миллӣ бетафовут аст. Он дар назди худ дигар ҳадафу вазифаҳо дорад, ҳамон ҳадафу вазифаҳое, ки ҳанӯз ҳангоми тавлидаш барои худ муайян карда буд.Мақсади ҳақиқии ин ташкилоти сиёсӣ тадриҷан исломӣ кардани ҷамъият бо усулҳову роҳҳои ноаён аст, ки мақсади ниҳоияшон ба нестӣ бурдани давлати дунявӣ мебошад».Иҷозат додани мавҷудият ва фаъолияти ин гуна ҳизб дар ҳудуди минтақаи Осиёи Миёна намунаи муносибати таҳаммулпазирона ва дар ҳақиқат демократии роҳбарияти Тоҷикистон нисбат ба манфиатҳои шаҳрвандони худ аст. Дар навбати худ ҲНИТ кӯшиш мекунад, ки ин корт-бланш ва баъзе гузаштҳои ҳукуматро ба манфиати худ самараноктар истифода намояд. Зимни он исломгароён бисёр вақт «сарҳадҳои муайяншуда»-ро вайрон мекунанд, ваколатҳои ба онҳо додашударо аз ҳад меафзоянд: теъдоди зиёди дискҳоро бо сабти мавъизаҳо ва адабиёти ғайриқонунӣ паҳн мекунанд; кӯшиш мекунанд, ки ба ҷавонон либоси барои ҶТ хос набударо пӯшонанд; меъёрҳои рафтору кирдор ва анъанаҳоеро, ки ба мардуми тоҷик бегонаанд, илқо менамоянд ва ғайра. Дар лаҳзаи барои онҳо зарурӣ роҳбарони ҲНИТ ба ҳукумат ошкоро тамаллуқ мекунанд, вале ин вазъияти хавфнок аст, зеро дар паси он мунофиқии пинҳоншуда эҳсос мегардад. Масалан, фаъолияти ташкилотҳои исломии тундгарои «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия» ва «Ҷамоати таблиғ»-ро танқид ва зидди онҳо баромад карда, дар симои онҳо «шарики рақобаткунанда»-ро дида, ҲНИТ ҳамзамон ҳамкории худро бо онҳо на танҳо қатъ намекунад, балки фаъолтар мегардонад. Дар ҲНИТ падари ғоявиашон Қорӣ Муҳаммадҷон Рустамовро, ки дар доираҳои динӣ ҳамчун Мавлавии Ҳиндустонӣ маъруф аст, хеле кам ба ёд меоранд. Барои исломиён ӯ чун Маркс-Энгелс-Ленин маҳсуб мешавад, вале шуҳрати ӯро сарварони баъдӣ ноинсофона ба худ нисбат додаанд. Имрӯз М. Кабирӣ чеҳраи пурқувват ва муассир ба ҳисоб намеравад, зеро аксарияти мутлақи аъзои ҳизб ба ҳамкории ошкорои ӯ бо Ғарб назари манфӣ доранд. Нимадунявияти роҳбари имрӯзаи ҳизб, ки ба ҷои роҳбарӣ кардан ба фаъолияти ҳизб бештар ба шиносонидани хеш, тиҷорат, беҳбудии шахсӣ машғул аст, кайҳост, ки аъзои қатории ҳизбро қонеъ намесозад. Дар фаъолияти хеш сарвари ҳизб мекӯшад, ки корро дар ҳарду самте, ки дар номи ҳизб омадааст, ба роҳ монад: ҳам дар самти динӣ ва ҳам дар самти сиёсӣ. Вале бо суханбозӣ, тафсиркунӣ ва таъбирёбии М. Кабирӣ оид ба номҳои ҳизбҳои гуногун ошно гардида, дарк менамоӣ, ки номи ҳизби ӯ, ки аз ҷониби С. А. Нурӣ гузошта шудааст, барои сарвари имрӯзаи ҳизб камтарин маъное надорад. Маълум мегардад, ки худи номи ҲНИТ имрӯз дигар он маъноеро надорад, ки асосгузораш ба он гузошта буд, Бо ин роҳ даҳҳо ҳазор аъзо ва тарафдорони он тавассути дар номи он мавҷуд будани мафҳуми «исломӣ» гумроҳ шуда, ба он аъзо гардидаанд. Имрӯз ҲНИТ, новобаста ба изҳороти авлавият доштани самти динӣ, ҳадафҳои баръалои сиёсӣ дорад, ки натиҷаи ниҳоии он ба сари қудрат омадан дар кишвар аст. Тарафдорони асосии он одамони муъмине ҳастанд, ки барои онҳо исломи анъанавиро аз сиёсӣ фарқ кардан бисёр душвор аст. Онҳо танҳо барои он дар сафи ин ҳизб қарор доранд, ки ин барои онҳо «ҳизби Аллоҳ» аст. Ин бозёфти С. А. Нурӣ буд. Вале барои тарбиятдидаи мактаби шӯравии собиқ бо обутобёбӣ дар сафи комсомол, хатмкардаи донишгоҳи дунявии дипломатӣ М. Кабирӣ самти сиёсӣ бартарӣ пайдо кард. Табиист, ки ин намояндаи дорои тинати шӯравиро назар ба корҳои динӣ, ки аз номи ҳизб бармеояд, бештар масоили сиёсӣ ба худ мекашанд. Ҳарчанд дар самти илоҳиётшиносӣ низ ӯ кӯшиш мекунад, ки қафо намонад. Вале, ба дил фармон намедиҳанд- фаъолияти парлумонӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, махсусан маросими қабул ва зиёфатҳо ӯро нисбат ба дигар корҳо бештар андармон месозанд. Имрӯз ҲНИТ дигар он ҳизби пешинаи таъсисдодаи С. А. Нурӣ нест. Аниқтараш, муассиси ҲНИТ мақсадҳои сарвари имрӯзаи ҳизбро маъқул намедонист: ташкили ҳизби шахсии нави дорои хусусияти дунявӣ- ба ҷои «ислоҳот даровардан ва замонавӣ сохтани ҲНИТ, то ки он ба ҳизби муосир табдил ёбад ва ҳамчун сохтори динӣ ба назар нарасад». Инро нисбат ба «устод» С. А. Нурӣ, хотираи ӯ, равияҳои динии ӯ ба ҷуз хиёнат дигар чӣ метавон донист? Дар харобаҳои дастранҷи ӯ бунёд кардан, «ба таври худ» таҷдиди сохтор кардан, мувофиқ ба нақшаю эҳсосоти хеш, зери мақсадҳои нек панаҳ шудан –маълум аст, ки ин роҳ то ба куҷо мебарад. Воқеан ҳазорон мусулмонони муъмин президентон, вазирон, вакилон мебошанд ва соҳиби мансабанд. Вале бо вуҷуди ин аксарияти онҳо барои манфиатҳои сиёсии худ ва барои омадан ба сари ҳокимият бо эҳсосоти диндорон бозӣ накардаанд. Омезиши қавии ҳизби исломии ҶТ-ро бо сиёсат асосгузори он ба гумон аст, ки маъқул медонист. Ҳамаи амалҳои кунунӣ, рафтор ва изҳороти роҳбари ҲНИТ гувоҳи он аст, ки имрӯз манфиатҳои ҳизби мазкур, новобаста ба афзалият доштан дар самти динӣ, ҳадафҳои баръалои сиёсӣ доранд, ки натиҷаи ниҳоии он омадан ба сари қудрат дар кишвар аст. Ҳарчанд мо сари таъсиси 40-солагии ҲНИТ мубоҳиса кардем, вале дар ин гуна ҳолатҳо бояд аз фаъолият натиҷагирӣ намуд, сухани табрикӣ гуфт, туҳфа тақдим кард. Вале ин танҳо дар суратест, ки агар соҳибҷашн комёбию дастовардҳое дошта бошад, ки ба манфиати умум равона гардидаанд. Дар мавриди ҲНИТ метавон гуфт, ки дар тамоми муддати фаъолияти он, ҳарчанд ин солҳо тӯлонӣ ҳам бошанд, дар хотира танҳо ҳолатҳои манфии он боқӣ мондаанд. Бинобар ин, барои табрикоти самимона асосе мавҷуд нест. Дар мавриди туҳфа ҳаминро бояд гуфт, ки ҲНИТ онро аз давлат кайҳо, ҳанӯз солҳои 90-ум, дар авҷи таъсиси худ қабул карда буд. Ин хеле туҳфаи арзишманд буд- бақайдгирии ҳизб. Вале ин туҳфа бесамар монд!Пӯлод Ғаффоров,Рустам Олимов








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






