Баррасии ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Бангладеш

Февраль 7, 2013 11:51

Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- 5 феврал дар шаҳри Душанде вохӯрии муовини раиси Палатаи савдо ва саноат (ПСС)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев бо раиси Ассотсиатсияи коркарди пахтаи Ҷумҳурии Бангладеш Муҳаммад Аюб баргузор шуд.  Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз ПСС хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ба роҳ мондани робитаҳоро миёни доираҳои тиҷоратию саноатии ҳарду кишвар баррасӣ намуданд. Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди пахтакорӣ дар ҶТ барои солҳои 2010-2014» ва «Барномаи коркарди пурраи нахи пахтае, ки дар давраи то соли 2015 дар ҶТ истеҳсол мешавад» қабул шудаанд. Дар ҳамбастагӣ ба ин масъала А. Карамалиев пешниҳод кард, ки ба соҳаи пахтакорӣ сармоягузорӣ намуда, корхонаи коркарди пурраи пахтаро таъсис диҳанд. Ҷонибҳо имкони ҳамкориҳоро дар соҳаи саноати сабук ва коркарди пахта баррасӣ намуданд.

Февраль 7, 2013 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад