Боздошти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва СҚС бо маводи мухаддир
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади пешгирӣ ва барбод додани кўшишҳои нашъаҷҷаллобон санаи 10-уми феврали соли равон кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд амалиёти фаврӣ-ҷустуҷўйӣ анҷом доданд. Дар натиҷа аз бордон ва махфигоҳи нақлиёти сабукрави тамғаи «ГАЗ-31» дар ҳаҷми махсусан калон — 44 килограмму 780 грамм маводи мухаддири сахтаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки бори мазкур ба шаҳрвандон Тиллоев Саидхон Саидвалиевич, соли таваллудаш 1988, зодаи ноҳияи Восеъ, истиқоматкунандаи шаҳри Чкалов ва Маҳмадшоев Сайфулло Файзуллоевич, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон тааллуқ дорад. Тибқи нишондоди боздоштшудагон, маводи мухаддирро аз Афғонистон Осиф ном шаҳрванди ин кишвар тавассути убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба Тоҷикистон интиқол дода, ба хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ прапоршик Аҳмадов Зайниддин Олимхонович, соли таваллудаш 1977, зодаи деҳаи Даханаи шаҳри Кулоб, прапоршики калон Бердиев Тоҷиддин Амирқулович, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва Назаров Абдулҳамид Турахонович, сокини ш. Кулоб, муваққатан бекор супоридааст. Номбурдагон борро ба ҳудуди хоҷагии «Шоликор»-и ноҳияи Қумсангир оварда, ба Маҳмадшоев Сайфулло ва подполковник Наимов Нурулло Ҳаётович, ваколатдори калони фаврии воҳиди махсуси ВКД ҶТ месупоранд. Ҳамин тавр, маводи нашъаовар бо истифода аз занҷири пайвастаи аъзои гуруҳи муташаккил, аз ноҳияи Қумсангир ба шаҳри Душанбе интиқол ёфта, бо мақсади фиристодан ба минтақаи шимоли Тоҷикистон, аз тарафи Тиллоев Саидхон ва Маҳмадалиев Рамазон Гардакович, соли таваллудаш 1965, зодаи ноҳияи Фархор, сокини ш. Душанбе дар дохили автомошинаи «ГАЗ-31» ҷобаҷо карда мешавад. Муайян карда шудааст, ки 8 килограмм аз героини мусодирагардида бевосита ба шаҳрванд Иброҳимов Раҳимҷон Зоирович, сокини ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рўдакӣ, соли 2006 аз сафи мақомоти амнияти миллӣ рухсат шудааст, тааллуқ дорад. Борро дар ҳудуди вилояти Суғд шаҳрванд Ҳазратқулов Мустафоқул Худойқулович, соли таваллудаш 1965, сокини ҷамоати Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан бояд қабул мекард. Номбурда барои содир кардани ҷинояти кочоқи маводи нашъаовар каблан дар қаламрави Федератсияи Руссия ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда бошад ҳам, вале аз кардааш пушаймон нашуда, боз такроран даст ба нашъаҷчаллобӣ задааст. Қисмати дигари маводи мухаддирро дар ҳаҷми махсусан калон рўзи 8-уми феврал шаҳрванд Сафаров Даврон Абдулҳамидович, сокини шаҳри Душанбе ба пойтахт оварда, ба Тиллоев Саидхон супоридааст. Сипас маводи мухаддирро бародари Сафаров Даврон капитани милитсия Сафаров Ҷамшед Абдулҳамидович, соли таваллудаш 1985, зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, сокини шаҳри Душанбе, ваколатдори фаврии шуъбаи кофтукови ҷиноии ШКД «Сино-1»-и ВКД ҶТ қабул намудааст. Санаи 12-уми феврал кормандони КДАМ ҶТ дар ҳудуди маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе, аз дохили мошинхона, автомошинаи сабукрави тамғаи «Мерседес»-ро ошкор намуда, аз дохилаш иловатан боз дар 67 баста 94 килограмм гашишро мусодира карданд. Рақамҳои қалбакии дарёфтшуда шаҳодат медиҳанд, ки маводи мухаддир барои интиқоли минбаъда ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия омода гардида буданд.Ҳамин тавр, дар натиҷаи 2 амалиёт кормандони мақомоти амнияти миллӣ аз гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша ба миқдори махсусан калон 138 килограмму 780 грамм маводи мухаддири героин ва гашишро мусодира намуданд.Айни замон нисбат ба ин ҳодиса аз тарафи шуъбаи тафтишоти РКДАМ ҶТ дар вилояти Суғд тибқи моддаи 200, қисми 4-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Бояд қайд кард, ки дар маҷмўъ, аз рўйи қазияи мазкур бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар хаҷми махсусан калон, 10 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 2 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ, 2 нафар хизматчии ҳарбии Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадӣ, 1 нафар собиқ корманди мақомоти амнияти миллӣ боздошт карда шудаанд. Вазифаи ҷонию касбии ин нафарон бо ҷинояту ҷинояткорон мубориза бурдан аст, вале мутассифона, ба ҷойи ин амал, онҳо худашон ба қочоқбарон шарик гардида, ҷинояти вазнин содир намудаанд. Шахсе, ки ба ҷиноят даст мезананд, новобаста аз рутбаю вазифа ва мавқеи ишғолкардааш дар ҷомеа, ҳатман дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






