Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Февраль 19, 2013 10:49

Кам намудани буҷаи давлат дар Амрико Душанбе, 19 феврал.(АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарии Аврупо намояндагони ҳизбҳои Амрико дар масаълаи кам намудани хароҷоти буҷаи давлатӣ дар соли 2013 то ҳол ба мувофиқа нарасидаанд. Ба ақидаи мутахассисони соҳаи мазкур эҳтимол аст, ки дар моҳи марти соли равон ин давлат ба буҳрони молӣ рў ба рў хоҳад шуд. Новобаста ба ин сиёсатмадорон нақшаи ҳамфикр шуданро надоранд. Ба гуфти расонаҳои хабарии дохили кишвар мушкилоти молӣ боиси аз кор озод намудани як гуруҳ мутахассисони соҳҳои мухталиф ва бадшавии вазъи иҷтимоӣ гардидааст. Ҳукуматдорон низ ҳарчи зудтар барои дарёфти роҳҳои самарабахши ҳалли ин муаммо тадбирҳо меандешанд. Даромади софи ширкати Тайота Душанбе, 19 феврал.(АМИТ «Ховар»).- Тавре ки дар сомонаи интернетии www.itar-tass.com навишта шудааст, ширкати автомобилбарории «Тойота»-и Япония аз рўи ҷамъбасти солонаи соли гузашта 92 миллиарду 900 миллион йен ё ин ки 8 миллиард евро фоида ба даст овардааст. Гуфта мешавад, ки новобаста ба мушкилоти пешомада бар асари офатҳои табиӣ талабот ба автомобилҳои ширкати «Тойота » 23 дарсад афзуд. Дар робита ба зиёд шудани талабот ба автомобилҳои ширкати Тойота дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ба роҳ мондани сиёсати ҳукумати Япония дар бораи нигоҳ доштани қурби йен нисбат ба доллар пешгўи мешавад, ки даромади ширкат соли равон даҳ дарсад зиёд хоҳад гардид. Харидории асарҳо дар Лондон Душанбе, 19 феврал.(АМИТ «Ховар»).- Дар хона-музоядаи «Содбейс»-и шаҳри Лондони Британияи Кабир асарҳои рассомони барҷастаи дунё ба фурўш бароварда шуданд. Ду асари рассомон Пабло Пикассо бо номи «Мари Терез Валтер» бо арзиши 45 миллион доллар ва Плода Мане бо номи «Ини ҷиварни » бо арзиши 14 мллион доллар харид шуд. Гуфта мешавад, ки Пабло Пикассо асари худро соли 1932 офаридааст. Асари рассоми «Ини ҷиварни » соли 1985 рўи матоъ омадааст. Бояд гуфт, ки дар музояда асарҳои зиёди рассомони машҳури дунё ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шудаанд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибулло

Февраль 19, 2013 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад