Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Февраль 20, 2013 15:20

Боришоти барфи зиёд дар Канада Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки дар сомонаи интернетии www.itar-tass.com навишта шудааст, дар минтақаҳои наздисоҳилии Канада барфи зиёд борида, боиси мушкилоти зиёди сокинон гардид. Дар натиҷаи боридани барфи зиёд ҳудуди 14 ҳазор нафар сокини маҳали аз истифодаии нерўи барқ ва оби ошомиданӣ маҳрум гардиданд. Ба гуфти обуҳавошиносон танҳо дар иёлати Ню-Брансуик баландии барф ба 40 сантиметр расидааст. Ва низ суръати шамол дар қисми ғарбии ҷазираи Нюфаундленд дар як соат ба 170 километр мерасад. Ҳукуматдорон аз сабаби бориши барфи зиёд ва вазиши тўфони сахт фаъолияти фурудгоҳҳо ва муассисаҳои таълимии кишварро муваққатан қатъ кардаанд. Эътирозгароӣ дар Украина Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Дар пойтахти Украина- шаҳри Киев ронандагони воситаҳои наклиётӣ намоиши эътирозӣ доир намуданд. Мувофиқи маълумоти расонаҳои дохили кишвар эътирозгарон дар назди бинои Хадамоти нақлиёти кишвар ҷамъ омада, аз масъулини дахлдор ва ҳукуматдорон талаб намуданд, ки барои ба тартиб даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт чораҳои зарурӣ бинанд ва аз ҳукуматдорон талаб намуданд, ки афзоиши ҳаққи пардохти андоз барои истифодаи воситаҳои нақлиёт дар соли 2013 –ро ҷиддӣ баррасӣ кунанд. Фаромадани ярч дар Инданезия Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Дар қисми шарқии Индонезия аз ҷиҳати боришоти зиёди борон обхезии шадид ва фаромадани ярч ба амал омад. Бино ба маълумоти манбаъҳои хабарии кишвар дар вақти фаромадани ярч 14 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ гардиданд. Ба гуфти котиби матбуотии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар офати табиӣ дар минтақаҳои куҳӣ бештар ба назар мерасад. Баландии сатҳи об дар баъзе минтақаҳо ба 2 метр расидааст. Дар маҷмуъ аз офати табиӣ 8 ноҳия зарар дидааст. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Февраль 20, 2013 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад