Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Февраль 27, 2013 11:38

Изҳороти «Ридерз Дайҷест» Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки расонаҳои хабарии Аврупо мегӯянд, роҳбарияти ширкати амрикоии «Ар-Ди-Эй» дорандаи маҷаллаи «Ридерз Дайҷест» дар хусуси муфлисшавии худ расман ба ВАО изҳорот дод. Ба гуфти роҳбари ширкати мазкур онҳо имкони пардохти 465 миллион доллар қарзи худро надоранд. Маҷаллаи «Ридерз Дайҷест» аз соли 1922-ум рўи чоп омада, имрўзҳо дар 49 давлати ҷаҳон интишор мешавад. Шумораи хонандагони он 25 миллион нафарро ташкил медиҳад. Маҷаллаи мазкур ҳамчун серхонандатарин нашрия ба китоби рекордҳои «Гиннес» дохил шудааст. Арзиши саҳмияҳои ширкат 1 миллиард долларро ташкил медиҳад. Арзиши саҳмияҳои ширкати «Карлсберг» Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Арзиши саҳмияҳои ширкати «Карлсберг» дар биржаҳои молу ашё то 7 дарсад коҳиш ёфт. Тавре ки намояндагони ширкат эътироф карданд, аз ҳисоби фурўши маҳсулоташон дар Аврупои Шарқӣ даромади интизорро ба даст оварда натавонистанд. Новобаста аз ин, дар маҷмуъ даромади ширкат то 2 дарсад афзоиш ёфтааст. Коргоҳи мазкур аз ҷиҳати истеҳсоли оби ҷав дар ҷаҳон мақоми чорумро ишғол менамояд. Сабаби коҳиш ёфтани даромади молии худро мутахассисони ширкат дар афзудани арзиши маҳсулоти зарурӣ барои истеҳсоли оби ҷав арзёбӣ мекунанд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Февраль 27, 2013 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст