Чор лоиҳаи қонуни нав дар парлумон баррасӣ гардид

Февраль 18, 2013 16:55

Душанбе, 18 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Чор лоиҳаи нави қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дар бораи гаравхона (ломбард)», «Дар бораи кооперативҳо», «Дар бораи барўйхатгирии аҳолӣ» ва «Дар бораи сири давлатӣ» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки 18 феврал таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров –раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат доир гардид, баррасӣ шуд.Аъзои Шўрои Маҷлиси намояндагон ҳамзамон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда, бахусус лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека», «Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)», «Мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ва «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд. Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов, Маҳмадалӣ Ватанов ва дигар аъзои Шӯро ҷиҳати такмили лоиҳаҳои қонунҳои баррасишуда андешаҳояшонро баён доштанд. Дар фарҷом қисме аз масъалаҳои баррасишуда барои муҳокима ва такмил ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва қисми дигар ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми палатаи поёнии парлумони мамлакат ироа гардиданд.

Февраль 18, 2013 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст