Дарёфти миқдори махсусан калони маводи нашъадор
Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Одинаев Умед Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 10 адад бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон 10 килою 120 грамм маводи нашъадори ҳашиш буд, дарёфт ва мусодира шуд.Ҳамчунин аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Исфара-1 шаҳрванд Сайдуллоев Даврон Абдураҳимович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир гардид. Зимни кофтукови шахсӣ аз ӯ 28 адад бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон 13 килою 108 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш буд, дарёфт ва мусодира шуд.Ҳамзамон аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Сино-2 дар назди бинои 16, кӯчаи Н.Махсум, шаҳрванд Маҳмадалиев Акимшо Мамадмусоевич соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Хоруғ, пеш бо моддаи 201 қисми 1 КҶ ҶТ суд шудааст, боздошт гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили пакети селофаниаш маводи нашъадори навъи «ҳашиш» ба миқдори 1 килою 22 грамм дарёфт ва мусодира шуд.Ҳамин тариқ, аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шӯрообод зимни гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Зулфиев Амрохон Нурмадович, соли таваллудаш 1971, сокини деҳаи Себдара, ҷамоати деҳоти Шӯрообод, ҷинояткори махсусан хавфнок, ки пеш бо моддаҳои 234 қисми 2, 240 қисми 2 ва 240 қисми 3 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир шуд, ки аз манзили ба иҷора гирифтаи истиқоматиаш 1 килою 820 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира гардид. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






