ХМ: «Муҳоҷири забондон даромади бештар мегирад»

Февраль 1, 2013 14:18

Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забонҳоро ба роҳ монад. Ба иттилои хадамот дар ин марказ он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти барои кор ба Федератсияи Русия рафтан доранд, метавонанд ройгон забони русиро омӯзанд,-хабар дод пиромуни нақшаҳои хеш зимни нишасти матбуотӣ сардори хадамот Сафиалло Девонаев.Ҳамзамон ӯ зарурати омӯзиши забони русиро барои тоҷиконе, ки ба Русия рафтанианд, ногузир хонд. «Шахсе, ки забониро русиро нағз медонад ва ягон ихтисоси корӣ дорад, даромади худро дар Русия метавонад чандин маротиба баланд бардорад ва аз тарафи кордиҳандагону мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ таҳқир намебинад»,-таъкид кард С. Девонаев. «Бо ин масъала на танҳо Хадамоти муҳоҷират, балки Вазорати маорифи кишвар низ бояд машғул шаваду хабарнигорон ва дар маҷмуъ ҷомеа бояд инро ба муҳоҷирони меҳнатии мо фаҳмонанд. Омӯзишро метавон дар ҷойҳои алоҳида, дар деҳот, дар ноҳияҳо бо ҷалби омӯзгорони забони русӣ доир кард»,-афзуд сардори Хадамоти муҳоҷират. Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз аввали моҳи декабри соли гузашта дар Русия санҷиши ҳатмии муҳоҷирони меҳнатие, ки дар соҳаи хизматрасонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва соҳаи савдо кор мекунанд, оид ба донистани забони русӣ оғоз гардид.

Февраль 1, 2013 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад