Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Февраль 7, 2013 08:19

ИЗҲОРОТИ Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 феврали соли 2013 ҳамзамон бо эълони номзадиаш ба маснади Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ зимни шарҳи барномаи пешазинтихоботии хеш иддао кардааст, ки агар раиси ҷумҳурии ин кишвар шавад, Тоҷикистон, Арманистон ва Озарбойҷонро ба Эрон бармегардонад. Дар ин бора сомонаи интернетии http://cheshmandaz.org 5 феврали соли равон хабар додааст. Ин изҳороти роҳбари ҳизби «Ансори Ҳизбуллоҳ»-и Эрон, ки яке аз пайвандони собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад, боиси тааҷҷуб ва таассуфи доираҳои гуногуни фарҳангӣ ва сиёсии аҳли ҷомеаи Тоҷикистон гашт. Баёнияи Оятуллоҳ Саид Муҳаммад Боқири Харрозӣ дар ин доираҳо ҳамчун баёнияи шахси моҷароҷӯ, хомхаёл, ноогоҳ ва бехабар аз асли қазия, вазъи воқеии имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон ва низоми ҳуқуқи байналмилалӣ арзёбӣ гардид. Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон дар саргармиҳои талошҳои пешазинтихоботӣ чунин иддаои “заминҷамъкунӣ” намудани яке аз номзадонро ба маснади Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки хилофи воқеиятҳои асри XXI, ҳамла ба мафҳумҳои муқаддаси истиқлолу соҳибихтиёрӣ ва навъе мудохила ба умури дохилии кишвари соҳибихтиёр мебошад, қатъиян маҳкум менамояд. Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз аввалин давлатҳоест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр эътироф намуда, дар қаламрави он сафорати худро таъсис дода буд. Пас аз ин дар тӯли зиёда аз 20 сол Тоҷикистону Эрон дар асоси меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид муносибатҳои байнидавлатиро ба роҳ монда, имрӯз равобити гуногунарсаи хешро пиёда менамоянд. Ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эрон, ки пас аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба таври густурда оғоз гашта буданд, сол аз сол амиқтар, пурмазмунтар ва ғанитар мегарданд. Ва чунин ҳам бояд бошад, зеро ин сатҳ ва умқи мусаллами муносиботи халқҳои ба ҳам хешу табор аст. Гузаштаи таърихӣ, пайвандҳои фарҳангӣ, забонӣ ва нажодии муштарак аз муҳимтарин хусусиятҳоянд, ки Тоҷикистонро бо Эрон дар як ҳавзаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ қарор медиҳанд ва заминаи лозим барои ҳамгироии бештари ду кишвари соҳибихтиёр ва мустақилро бар асоси баробарҳуқуқӣ, адами мудохила ба умури дохилии якдигар, тамомияти арзӣ ва эҳтироми истиқлолияти давлатӣ фароҳам месозанд. 6 феврали соли 2013

Февраль 7, 2013 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад