Маросими туҳфасупорӣ дар «Ориёно»

Февраль 21, 2013 16:11

Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 20-умин солгарди Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади инкишофи ҳисси ватанпарастиву худшиносии миллии ҷавонон, арҷгузорӣ ба таърих ва тамаддуни халқи тоҷик, фароҳам овардани шароит барои таҳкими заминаи маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод чорабиниҳои маърифатию сиёсӣ ва ҳарбию варзиширо баргузор намуд.Аз ҷумла, як силсила вохӯриҳои роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии вазорату идораҳои қудратии мамлакат баргузор гардид. Ҳамчунин 14 феврали соли 2013 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни сарбозони қисмҳои ҳарбии мақомоти қудратии мамлакат дар толори варзишии Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа баргузор гардид, ки барои тақвияти дӯстиву рафоқат ва баланд бардоштани маҳорати варзишии ҷавонаскарон мусоидат намуд. Дар ин мусобиқа ҳамаи дастаҳо қувваозмоии хуб нишон доданд ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, аз ҷумла дастаи сарбозони Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ сазовори ҷойи аввал, дастаи сарбозони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия сазовори ҷойи дуюм ва дастаи сарбозони Полки комендантии Вазорати мудофиа сазовори ҷойи сеюм гардид.16 феврали соли равон мусобиқаи ҳарбию варзишӣ таҳти унвони «Ҳомии Ватан» бо ҷалби афсарону аскарони Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои дохилаи Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар мусобиқа мақоми аввал насиби дастаи қисми ҳарбии 01215–и Вазорати мудофиаи ҶТ, мақоми дуюм насиби дастаи қисми ҳарбии 2611–и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ва мақоми сеюм насиби дастаи Қӯшунҳои дохилаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ гардид.Инчунин 18 феврали соли равон дар толори варзишию тирандозии Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи ҶТ мусобиқаи тирпарронӣ миёни сарбозони қисмҳои ҳарбии мақомоти қудратии мамлакат баргузор гардида, аз рӯи ҳисоби даставӣ ҷойи аввалро дастаи Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа, ҷойи дуюмро дастаи Бригадаи посбоникунандаи 6593–и Вазорати адлия ва ҷойи сеюмро дастаи Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гардиданд.Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи ҶТ мусобиқаи тирпарронӣ миёни толибилмони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ доир шуд, ки дар он зиёда аз 180 нафар хонанда ширкат намуд. Толибилмони макотиби шаҳри Турсунзода ҷойи аввалро ишғол намуданд, ҷойи дуюм насиби хонандагони мактабҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ гардид ва муҳассилини макотиби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм шуданд.Дар арафаи таҷлили 20–умин солгарди Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ даври аввали фестивал – озмуни ҷумҳуриявии сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони «Суруди сарбоз» ҷамъбаст гардид. Дар он ҷойи аввалро қисми ҳарбии 08050, ҷойи дуюмро қисми ҳарбии 09002 ва ҷойи сеюмро қисми ҳарбии 09001 гирифтанд.Ба муносибати 20–солагии Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 феврали соли 2013 дар толори Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» маҷлиси тантанавӣ бо барномаи консертӣ доир гардид, ки дар он роҳбарияти кумита ва афсарону сарбозони мақомоти қудратии мамлакат ширкат намуданд. Дар маҷлис ба ҳамаи онҳое, ки дар чорабиниҳои зикргардида ширкати фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд, диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Февраль 21, 2013 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад