Муаррифии «Интернети бачагона» дар Душанбе
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 4 феврал дар Вазорати иқтисод ва савдои ҶТ муаррифии хизматрасонии нави «Интернети бачагона» аз аввалин интернет-провайдери Тоҷикистон — ширкати «Телеком Технолоҷи» барпо мешавад.Бино ба иттилои аз ширкати «Телеком Технолоҷи» расида, ташкилкунандагони чорабинӣ пеши худ вазифа гузоштаанд, ки дастрасии аҳолиро ба интернет беҳтар намоянд, бахусус истифодабарандагони хурдсоли кишвар низ ба интернет дастрасӣ дошта бошанд.Хизматрасонии «Интернети бачагона» дар навбати аввал барои доираи кӯдакони аз 3 то 13 –сола ба ҳисоб гирифта шудааст. Ин тарофаи махсусро интихоб намуда, волидайн ва омӯзгорон метавонанд бе ҳарос фарзандонашонро дар назди компютер танҳо гузоранд, бояд хавотир нашаванд, ки кӯдак ба ягон сомонаи номатлуб даромада, бо алоқаи дилнохоҳам банд мешавад ва ин ба асаби ӯ зарар расонида, дар оянда ба ташаккулёбии ӯ халал ворид месозад. Дар айни замон дар тарофаи мазкур зиёда аз 100 сомона ворид гардида, мундариҷаи онҳо ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ширкат назорат бурда мешавад. Мутахассисон ҳамарӯза феҳрасти сомонаҳоро пурра мегардонанд, ҳамчунин барои бачагон шабакаи беназире ташкил кардаанд, ки он ба наздикӣ дар доираи хизматрасонии «Интернети бачагона» кори худро оғоз менамояд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






