Муаррифии расмии Ҳисоботи миллӣ оид ба рушди инсонӣ
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии расмии Ҳисоботи миллӣ оид ба рушди инсонӣ дар соли 2012 таҳти увони «Тоҷикистон: камбизоатӣ дар заминаи тағйири иқлим» баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд. Ҳисоботи миллӣ оид ба рушди инсонӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар доираи лоиҳаи муштараки «Ҷорисозии консепсияи рушди инсонӣ дар Тоҷикистон» пешниҳод гардидааст. Мақсади асосии лоиҳа пешбурди консепсияи рушди инсонӣ дар тамоми сатҳҳо ва махсусан дар байни шахсоне мебошад, ки бевосита қарорро қабул мекунанд ва он ба ҳайси меъёри асосии муколамаи иҷтимоӣ ва таҳияи сиёсати иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон хизмат мекунад. Дар муаррифии Ҳисоботи миллӣ муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод ва намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Александр Зуев сухан ронда, аз ҳадафҳои стратегии ҳалли масъалаи камбизоатӣ дар заминаи тағйири иқлим, ки боиси таъмини рушди устувор ва бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд, ибрози назар намуданд. Бояд гуфт, ки Ҳисоботи миллӣ оид ба рушди инсонӣ аз ҷониби коршиносҳои миллӣ дар соҳаҳои макроиқтисодӣ ва камбизоатӣ, экология ва тағйири иқлим, масъалаҳои иҷтимоӣ ва баробарии гендерӣ, таҳлили оморӣ ва ғайра таҳия гардидаанд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






