Мулоқоти Э. Раҳмон бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфт.Зимни суҳбат бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои Шарқӣ фаъолияти аз ҳама густурдаи СММ дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Бо дастгирии 22 муассисаи СММ имрӯз дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ, обрасонӣ, энергетикаи хурд ва ғайра лоиҳаҳои зиёд амалӣ мегарданд. Қаноатмандии хоса аз ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ зоҳир гардид, зеро дар натиҷаи он ҳолатҳои фавти кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони навзод, ба маротиб кам шуда, шумораи гирифторони бемориҳои сироятӣ хеле коҳиш ёфт.Тавре зикр гардид, натиҷаҳои намоён ҳамчунин дар самти тоза кардани ҳудуди Тоҷикистон аз мина ва дигар моддаҳои тарканда ба назар мерасад. То имрӯз 85% заминҳое, ки дорои чунин моддаҳои хатарнок буданд, аз онҳо тоза карда шудаанд.Яке аз мавзӯъҳои асосии суҳбат омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масоили глобалии об буд, ки таҳти васоёи СММ моҳи августи соли 2013 дар доираи «Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об» дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Хотиррасон бояд намуд, ки соли 2013 бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби СММ «Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об» эълон гардидааст ва дар доираи ин ибтикор имсол дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон, аз ҷумла дар СММ чорабиниҳои гуногуни судбахш ба роҳ монда мешаванд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






