Нашри маълумотномаи нав барои журналистон
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Иттифоқи журналистони Тоҷикистон маълумотномаи нави иттилоотиро бо унвони «Кормандони касбии медиа-индустрияи Тоҷикистон» таҳия ва ба чоп омода намудааст. Нашрия ба рӯзи матбуоти тоҷик бахшида мешавад.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи журналистон иттилоъ доданд, маълумотнома рӯйхати пурраи суроғаҳо, рақамҳои телефонӣ ва маълумоти мухтасарро дар бораи самтҳои асосии фаъолияти тамоми васоити ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ, муассисони он, роҳбарон ва мутахассисони пешбари он, инчунин дигар маълумоти муфиду шавқоварро дар бар мегирад. Муҳтавои маълумотномаи нав аз маълумотномаҳои дигари таҳлилӣ ба таври назаррас фарқ мекунад. Аз ҷумла дар он иловатан ноширон ва муассисони ВАО, теъдоди баёншуда, нашри даврӣ, тарзҳои паҳнкунӣ, сана, бақайдгузорӣ ва дигар чизҳо нишон дода шудаанд. Маълумотнома бо теъдоди умумии 1 ҳазор нусха нашр гардида, ройгон тақсим мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






