Нишасти матбуотӣ дар Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 25 феврал. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).–Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти намояндагони тамоми воситаҳои ахбори омма мерасонад, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои шикастхурии муҳоҷирон, қонуншикании бархе аз ширкатҳои дохилию хориҷӣ ҳангоми интиқоли қувваи корӣ ба хориҷа, аз сӯи шаҳрвандони хориҷӣ риоя намудани қонуну қоидаҳои будубош дар қаламрави Тоҷикистон, маълумот ва огоҳӣ пайдо намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қонунгузориҳои нави Федератсияи Русия, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, ба таври қонунӣ фаъолияти меҳнатӣ намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия 27-уми феврали соли 2013 дар Хадамоти муҳоҷират нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.Ҷиҳати гирифтани маълумот шумо метавонед бо телефони 225-05-96 ва ё 93-539-71-72 занг занед. Дар ин бора ба АМИТ ”Ховар” сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ дод.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






