Тартиби нави воридот ба нархи мошинҳо таъсире надорад
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Баъд аз мавриди амал қарор гирифтани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда», дар байни аҳолии кишвар овозаву ҳангомаҳое паҳн гардид, ки он боиси то андозае боло рафтани арзиши воситаҳои нақлиёти сабукрав гардидааст. Аксари сокинони кишвар, ки ба моҳияти аслии қарор шинос нагардидаанд, ба ҳар гуна овозаҳои беасос зуд бовар мекунанд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Абдураҳими Умариён хабар дод, гӯё қимати ба расмиёти гумрукӣ даровардани воситаҳои нақлиёт, ҳангоми ворид намудан ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло рафтааст, вале дар асл ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд.Бо назардошти он ки мардуми кишвар ба моҳияти қарори мазкур наздиктар шинос шавад, шуъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, то ба паҳлуҳои ин мавзуъ рўшанӣ андозад. То ин дам воситаҳои нақлиёт ҳангоми воридот бо ду тартиб ба расмиёти гумрукӣ дароварда мешуд. Яке бо тартиби имтиёзнок ва дигаре бо тартиби умумӣ. Ба хотири дарки ин нукта талаботи қонунии ин тартиботро иқтибос меорем. Бо мақсади такмил додани тартиби воридоти воситаҳои нақлиёти сабукрав ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ таҳти № 788 аз 29 декабри соли 2012 тағйиру иловаҳоро ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 544 аз 2 ноябри соли 2007 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда» ворид намудааст. Тағйироти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 788 аз 29 декабри соли 2012, ки аз 1 феврали соли 2013 мавриди амал қарор мегирад, яъне ихтисор гардидани бандҳои 13, 14 ва 18 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 544 аз 2 ноябри соли 2007 танҳо тартиби имтиёзноки интиқоли воситаҳои нақлиётеро, ки қоидаи мазкур муқаррар намудаанд, дар бар мегирад ва ҳаргиз маънои зиёд намудани меъёри боҷу андозҳои гумрукиро надорад. Беасос будани ин овозаро мо бо ду далел исбот мекунем, якум ин ки дар асоси маълумоти омори гумрукӣ бештар аз 90-дар сади воситаҳои нақлиёте, ки тайи 5-соли охир ба қаламрави кишвар ворид гардидааст, аз рўйи тартиби умумӣ, яъне бо супоридани пардохтҳои гумрукии тибқи талаботи қонунгузорӣ пешбинӣ шуда ба расмияти гумрукӣ дароварда шудааст. Аз ҳаҷми умумии воридоти автомобилҳо танҳо 5-фоиз бо тартиби имтиёзнок ба расмиёти гумрукӣ дароварда шудааст. Дар ин маврид қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 788 аз 29 декабри соли 2012, ки дар асоси он танҳо тартиби ба таври имтиёзнок ворид кардани воситаҳои нақлиёт бекор карда мешавад, ба болоравии қимати барасмиятдарории гумрукии воситаҳои нақлиёт таъсире намерасонад. Соли 2010 дар кишвари мо 34 293 воситаи нақлиёт ворид гардидааст ва аз ин ҳисоб 32 440 адади он аз рўи тартиби умумӣ ва ҳамаӣ 1 853 адад бо тартиби имтиёзнок ба расмияти гумрукӣ дароварда шудааст. Соли 2011 аз 39 069 воситаи нақлиёти воридгардида 35 725 адад ба тартиби умумӣ ва 3 922 адад бо тартиби имтиёзнок ба расмияти гумруки дароварда шудааст. Дар соли 2012 ба Тоҷикистон 51 080 адад воситаи нақлиёт ворид шудааст ва 45 540 адади он аз рӯи тартиби умумӣ ва танҳо 5 540-тои он аз рӯи тартиби имтиёзнок ба расмияти гумрукӣ дароварда шудааст. Ҳадаф аз иқтибоси ин омори гумрукӣ дар он аст, ки миқдори умумии воситаҳои нақлиёте, ки дар ин солҳо ворид гардида, аз рўи тартиби имтиёзнок ба расмиёти гумрукӣ дароварда шудааст, ҳамагӣ аз 5 то 10 фоизро дар бар мегираду халос. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 788 аз 29 декабри соли 2012 танҳо тартиби ба таври имтиёзнок ворид намудани воситаҳои нақлиёт бекор карда шуд ва ҳамон тартиби умумӣ монд. Шояд дар зеҳни хонанда суоле ба миён ояд, ки талаботи бандҳои 13, 14 ва 18-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 544 аз 2 ноябри соли 2007, ки шарҳи ҳамон тартиби имтиёзнок буду ҳамакнун бекор гардид, чӣ гуна бошад? Посух ба ин суоли эҳтимолӣ он аст, ки то ин дам тибқи бандҳои 13, 14 ва 18 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 544 аз 2 ноябри соли 2007 дар ҳолати ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ, ки ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, як адад воситаи нақлиёт, ки аз муҳлати истеҳсолаш 5 сол нагузаштааст, мизони ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ба таври имтиёзнок татбиқ карда мешуд. Яъне то ин дам, то қабули қарори нав дар ҳолати ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда воситаи нақлиёте, ки ҳаҷми муҳаррикашон то 2 500 см мукаабро ташкил медиҳад, новобаста аз кишвари истеҳсол мизони ягонаи боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо дар ҳаҷми 0,40 доллари ИМА барои як см мукааби ҳаҷми кории муҳаррик татбиқ карда мешавад. Барои ҳаҷми муҳаррики аз 2500 то 4000 дар ҳаҷми 0,60 доллари ИМА ва ҳаҷми кории муҳаррикашон аз 4000 см мукааб зиёд дар ҳаҷми 1,20 доллари ИМА татбиқ карда мешуд.Тартиби имтиёзнок, яъне дар ҳолати аз ҷониби шахсони воқеӣ ворид намудани як воситаҳои нақлиёт ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як соли тақвимӣ танҳо бо мақсади истифодаи шахсӣ бояд амалӣ мегашт, на бо мақсади тиҷорат. Дар асоси тартиби мазкур ҳар як шахси воқеӣ метавонист дар давоми як сол ҳангоми ворид кардани як воситаи нақлиёт, он ҳам бошад барои истифодаи шахсӣ, аз чунин тартиби имтиёзнок истифода кунад. Таҷрибаи корӣ нишон додааст, ки бо сӯйистифода аз ин тартиб баъзе тоҷирон бо назардошти манфиатҳои худ даст ба тақаллубкориву қонуншиканӣ заданд. Ба гунаи мисол, онҳо шиносномаҳои хешовандону ҳамсояҳо ва умуман шиносҳояшонро ҷамъ намуда, ба номи онҳо воситаи нақлиёт ворид мекарданд. Бо ҳамин назардошт, ҳадаф аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 544 аз 2 ноябри соли 2007 пеш аз ҳама дар он буд, ки чунин тақаллубкорӣ пешгирӣ ва низоми якранги воридоти автомобилҳо муқаррар карда шавад.Дар кўчаву бозор табли дурӯғ мезананд, ки қимати барасмиятдарории гумрукии воситаҳои нақлиёт гарон шудааст ва аз ин хотир нархи мошин дар бозорҳо то андозае боло рафтааст. Бар асоси маълумоти оморӣ 95 фоизи шумораи умумии воридоти воситаҳои нақлиёти сабукравро автомобилҳое ташкил мекунанд, ки муҳлати истеҳсолашон аз 5 сол гузаштааст. Дар робита ба ин бояд гуфт, ки қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 788 аз 29 декабри соли 2012 танҳо ба 5-10 фоиз аз шумораи умумии воситаҳои нақлиёти воридгашта таъсири худро мерасонад. Ба хотири пешгирии таъсири чунин овозаҳои беасос бо ташаббуси шуъбаи иттилоотии Хадамоти гумрук бештар аз 20-нафар соҳибкороне, ки аслан ба воридоти воситаҳои нақлиёт машғуланд, ба бинои марказии Хадамот даъват гардиданд, то мавзўи мазкурро атрофи мизи мудаввар мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Аксари соҳибкорон бардуруғ ва беасос будани ин овозаҳоро тасдиқ намуда, ҳамзамон зикр карданд, ки иллати асосии паҳн гардидани чунин ҳангомаҳо дар он аст, ки аксари мардум ҳанўз ба мазмун ва муҳтавои ин қарор пурра ошно нест. Гуруҳи эҷодии шуъбаи иттилоотии Хадамоти гумрук пас аз ин вохўрӣ ба вилояти Суғд сафар намуд, зеро қисмати бештари воситаҳои нақлиёт тавассути ин вилоят ба кишвари мо ворид мегарданд. Дар пайи суҳбати гуруҳи эҷодии мо бо соҳибкорон маълум гардид, ки як андоза болоравии беасоси нархи мошин дар бозор кори дасти онҳо нест, балки аксари миёнаравҳое, ки дар дохили кишвар ба тиҷорати мошин машғуланд, ба оташи ин овозаҳо равған мерезанд. Барои тасдиқи ин нукта мо ба сари вагонҳо рафтем ва дидем, ки дар ҳақиқат бар истиснои мошинҳои соли бароришашон нав ва гаронарзиш, (он ҳам миқдори камро дар бар мегирад), дигар бештар аз 90 дар сади воситаҳои нақлиёти воридгардида бо ҳамон қимате, ки қаблан фурӯхта мешуданд, ба савдо гузошта шудаанд. Бо ҳамин назардошт, хотиррасон мекунем, ки дар асл қимати ба расмиёти гумрукӣ даровардани воситаҳои нақлиёт ҳангоми ворид намудан ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон боло нарафта, танҳо тартиби имтиёзноке, ки қаблан вуҷуд дошт, ба хотири аз байн бурдани тақаллубкорӣ бекор карда шуд ва минбаъд танҳо тартиби умумие, ки то ин дам амал мекард, воридот ва барасмиятдарории воситаҳои нақлиёти сабукравро ба танзим медарорад.