Зиндонии 10 сол маҳкумшуда чӣ гуна ба озодӣ баромад?

Февраль 13, 2013 14:41

Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шаби 6 феврали соли равон се қочоқчии афғон бо сардории Қудрат валади Анвар, сокини шаҳри Файзободи вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуданд. Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврию ҷустуҷўӣ дар ҳудуди деҳаи Баршори ҷамоати Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим онҳо ба кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ ва хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ муқобилияти мусаллаҳона нишон доданд. Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни азназаргузаронии макони ҳодиса ҷасади қочоқчӣ Қудрат валади Анвар, як автомати Калашников бо тирдонаш, як адад камераи мошин, ки ҷинояткорон онро бо мақсади убури дарё истифода мебурданд, дарёфт ва мусодира шуд. Дар баргузории чорабинии мазкур ба намояндагони хадамоти махсуси Тоҷикистон кормандони мақомоти қудратии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кўмаки худро расониданд, ки ба ҳамкории судманди сохторҳои дахлдори ҳарду кишвари ҳамсоя далолат мекунад. Як рўз пеш аз ин қазия, дар ҳудуди деҳаи Шанбедеҳи ҷамоати Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим бо гумони убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ шаҳрванди Афғонистон Маҳмадзоҳир валади Соҳибназар, соли таваллудаш 1986, зодаи деҳаи Барносири улусволии Султонишкошим, сокини шаҳри Кобул боздошт гардид. Рўзи 9 феврал дар ҷараёни як амалиёти дигар, кормандони РКДАМ ҶТ дар ш. Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Фархор бо иттиҳоми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Шамсуддинов Ҳотам Рустамович, соли таваллудаш 1984, зодаи ноҳияи мазкурро дастгир карданд. Зимни азназаргузаронӣ аз ў ба миқдори 8 килограмму 514 грамм маводи нашъаовари ҳашиш мусодира гардид. Ҳотам Шамсуддинов соли 2009 тибқи моддаҳои 200, қисми 3 «Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан», 289, қисми 2 «Қочоқ»-и Кодекси ҷиноятии ҶТ ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, вале такроран боз ҷинояти вазнини нашъаҷаллобиро содир намудааст. Чӣ тавр шаҳрванд Ҳотам Шамсуддинов баъди ҳукми 10 соли маҳрумият аз озодӣ тибқи 2 моддаи Кодекси ҷиноятӣ, дар муддати ҳамагӣ се сол ба колонияи сукунатӣ интиқол ёфта, аз он ҷо ба озодии шартӣ баромадааст, тафтишот муайян мекунад. Дар айни замон нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Февраль 13, 2013 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад