Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Модар
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ҷамъомад бонувони шинохтаи кишвар, олимону нависандагони маъруфи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар ҳамоиш директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Носирҷон Салимов, мудири шуъбаи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пиров, директори Пажуҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувоҳид Шамолов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирова, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамиди Самад, ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов сухан гуфта, дар васфи модар шеър хонданд.
Зикр шуд ,ки модари тоҷик ҳазорон фарзандони баруманд ба дунё овардааст. Ҳамчунин дар ҳамоиш филми мустанад дар бораи модар намоиш дода шуд. Дар фарҷоми ҷамъомад толори кӯдакона кушода шуд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






