Мулоқоти Э. Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Эрон
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»).-Зимни мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбари Солеҳӣ масоили ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон ва роҳҳои татбиқи амалии тавофуқоти муҳим доир ба анҷоми пурраи бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ва оғози сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ, кашидани хатти интиқоли нерӯи барқ, лӯлаҳои об, газ, нафт ва бунёди роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Эрон зоҳир гардид.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз афзоиши пайвастаи гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Эрон, ки ҳаҷмаш соли 2012 ба зиёда аз 217 миллион доллари амрикоӣ расид, таъкид дошт, ки “муомилоти молии кунунии ду кишвар баёнгари имконоти мавҷудаи иқтисодию тиҷоратии онҳо нест”.Аз ин хотир беҳсозии шароити мутақобила барои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла барои бахши хусусӣ зарур дониста шуд.Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба мавзӯоти минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






