Низоми нави қабули довталабон таҳия шуд
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Ҷиҳати амалӣ намудани банди 12 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз соли 2014 сар карда, мутамарказ ба роҳ мондани қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва иҷрои Фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмоиши низоми нави қабули довталабон Муассисаи давлатии Маркази миллии тестӣ низоми нави қабули довталабонро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ таҳия намуд.Бо мақсади санҷиши тартиб, расмиёт ва ҷузъиёти низоми нави қабули довталабон Маркази миллии тестӣ дар давоми моҳҳои март-июни соли 2013 дар ҷумҳурӣ озмоиши низоми навро мегузаронад.Низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ муҷаҳҳаз ба технологияи олӣ буда, бо мақсади арзёбии дониш, интихоби одилонаю шаффоф ва таъмини баробарҳуқуқии довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳия гардидааст. Ба озмоиш 407 тахассус аз 29 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ворид шудааст. Ба озмоиш хонандагони синфҳои 10-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (мактабҳо, гимназияҳо, литсейҳо)-и ҷумҳурӣ ҷалб мешаванд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ Ховар аз Хадамоти матбуотии Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






