Тайёрӣ ба иди Наврӯз
Восеъ, 1 март. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар ноҳияи Восеъ масъулини ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар сохторҳои ҷамъиятию давлатӣ ба таҷлили иди Наврӯзи Аҷам омодагӣ дида, дар айни ҳол ба ободу зебо гардонидани кӯчаҳою маҳаллаҳо ва шинонидани ниҳолҳо шуруъ кардаанд. Дар ҷамоати деҳоти Гулистон то ин муддат 14 ҳазору 800 бех ниҳоли сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуда, дар айни ҳол аҳолӣ ба тозаю озода гардонидани кӯчаю маҳаллаҳо ва роҳҳо сафарбар шудаанд. Барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани иди Наврӯз аз тарафи масъулини ҷамоат озмуни «Фарҳанги деҳадорӣ» эълон гардидааст, ки дар он хонаи беҳтарин, кӯчаи беҳтарин, омӯзгори беҳтарин, табиби беҳтарин аз тарафи аъзои комиссия санҷида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои молӣ сарфароз гардонида мешаванд. Гуфта мешавад дар ҳудуди ҷамоат 8 деҳа мавҷуд буда, сокинони деҳот тасмим гирифтаанд, то ҷашни Наврӯзи Аҷамро бо суннатҳои аҷдодӣ гузаронанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






