Қ. Қоимдодов: «Ҳамкориҳо бо Эстония ба маҷрои нав ворид мешаванд»

Апрель 30, 2013 09:13

Душанбе, 30 апрел (АМИТ «Ховар»). — Рўзҳои 6-8 майи соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Эстония Андрус Ансип бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Эстония хабарнигори мо бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Эстония Қозидавлат Қоимдодов мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом дод- Ҷаноби Сафир, Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Эстония кадом риштаҳо пайваст мекунанд? — Агар ба таърихи тўлонии мардуми худ назар андозем, пайвастагиҳои зиёди онро бо дигар халқҳои ҳиндуаврупоӣ дармеёбем, ки миёни онҳо халқҳои сокини баҳри Балтик ҳам ҳастанд. Вале агар воқеияти имрўзаро ба назар бигирем, пайвастагиҳои ҷумҳурии мо бо Эстония аксаран ба замони шўравӣ рост меоянд. Робитаҳои иқтисодӣ, рафтуомади мардум, таҳсилу кор, хизмат дар сафи артиш ва бисёр дигар мавридҳоеро зикр кардан мумкин аст, ки халқҳои ду ҷумҳуриро наздик мекарданд ва аз ин хотироти нек боқӣ мондаанд. Имрўз алоқаҳои дўстию бародарӣ аз нав эҳё мешаванд.- Шумо сатҳи имрўзаи муносибатҳо миёни Тоҷикистону Эстонияро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Ба назари Шумо заминаи шартномавию-ҳуқуқӣ барои ба таври муътадил роҳандозӣ намудани ҳамкорӣ ташаккул ёфтааст ё не?- Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Эстония соли 2006 барқарор шуда бошанд ҳам, вале ҳамкориҳои ин ду кишвар асосан тайи се-чор соли охир ҷоннок гардиданд. Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Эстония, ки моҳи феврали соли 2009 баргузор шуда буд, сатҳи муносибату ҳамкориҳоро ба марҳилаи сифатан нав раҳнамун сохт. Пас аз ин чанд маротиба мулоқотҳои расмӣ ва кории вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баргузор шуданд. Аз ҷумла, моҳи январи соли 2012 вазири корҳои хориҷии Эстония Урмас Паэт аз Душанбе боздиди расмӣ ба амал оварда, бо ҳамтои худ – вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ гуфтушуниди самаранок анҷом дод. Дар бобати муҳайё намудани заминаи шартномавию-ҳуқуқии ҳамкориҳо корҳо идома дорад. Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Таллин санади муҳим – «Эъломия дар бораи рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Эстония» ба имзо расид, ки самтҳо ва усулҳои асосии равобити ду кишвари дўстро муайян намуд. Соли гузашта байни Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Эстония созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи илм ба имзо расид, ҳамчунин байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тарту созишномаи ҳамкорӣ амал мекунад. Ҳоло лоиҳаи се созишномаи дуҷониба – оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ; оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя; оид ба истирдоди маҳкумшудагон дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад ва бо имзо шудани онҳо имкониятҳои ҳамкорӣ, хусусан дар бахши иқтисодӣ тақвият хоҳанд ёфт.- Қозидавлат Қоимдодович, дар моҳи июн аз рўзи ба вазифаи Сафири Тоҷикистон дар Эстония таъйин шудани Шумо як сол сипарӣ мешавад. Дар ин давра дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Эстония кадом таѓйироту рўйдодҳо ба вуқуъ пайвастанд?- Албатта, таъйин шудани Сафир барои таъмини робита ва тамоси доимии ду кишвар аҳамияти калон дорад. Ин буд, ки бо назардошти дурнамои муносибатҳо ҳам Тоҷикистон ва ҳам Эстония сафирони худро таъйин карданд, ки ба ин васила ба густариши ҳамкориҳо такони ҷиддӣ дода шуд. Дар мулоқоте, ки моҳи октябри соли гузашта ҳангоми супоридани Эътимоднома бо Президенти Эстония Томас Хендрик Илвес доштам, роҳбари ин кишвар бо руҳбаландии калон дар бораи густариши ҳамкориҳо суҳбат карда буд. Ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти Эстония нишон медиҳад, ки дўстони эстонии мо барои ривоҷ додани ҳамкориҳо ҳавасмандии ҷиддӣ доранд. Ба ҳар номаи мо сари вақт ҷавоб менависанд ва ҳар дархостро ҷиддан мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Барои мисол, дар мулоқоти худ вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эстония ба мувофиқа расиданд, ки дар Мактаби дипломатии Эстония барои таҳсили яксола ба дипломатҳои ҷавони тоҷик бурсия ҷудо карда шавад ва аллакай як нафар аз ҷумҳурии мо дар мактаби мазкур таҳсил мекунад. Тайи ин давра дар Вазорати корҳои хориҷии Эстония, мақомоти дигари ин кишвар мулоқотҳо сурат гирифтанд, бо ҳамватанони сокини ин сарзамин алоқа барқарор намудем.Дигар нишондиҳандаи муҳими ҳамкориҳо табодули мол аст. Бубинед, ки дар соли 2012 мубодилаи мол миёни ду кишвар нисбат ба соли 2011 3,6 маротиба афзуд. — Чун аз табодули мол сухан рафт, бигўед, ки ҳаҷми он чӣ гуна аст, кадом молҳо асоси муомилотро ташкил медиҳанд? Роҷеъ ба густариши ҳамкории иқтисодӣ кадом таклифҳоро пешниҳод кардан мехостед?- Тиҷорат дар рушди муносибатҳои байнидавлатӣ мақоми хосса дорад. Тавре ки зикр гардид, ҳарду ҷониб ҳам алоқаманди густариши ҳамкориҳои судманд мебошанд ва ин раѓбат дар нишондодҳои солҳои охир равшан ба чашм мерасад. Гардиши мол миёни Тоҷикистону Эстонии дар соли 2010 ҳамагӣ 1,82 млн доллари ШМА-ро ташкил мекард ва соли 2012 ин нишондод ба 9,64 млн доллар расид, ки аз он содироти моли Тоҷикистон баробар ба 4,7 млн доллар аст. Албатта, миқёсан ин ҳаҷми калон нест, вале афзоиши он нишондиҳандаи мусбат мебошад. Агар ин тамоюл ҳамин тавр идома ёбад, дар солҳои наздик нишондиҳандаҳои назаррас хоҳем дошт. Тоҷикистон аз Эстония асосан маҳсулоти нафтӣ, каучук, маҳсулоти резинӣ, қоѓазу картон, маҳсулоти гуногуни кимиёвӣ, пластмасӣ, фулузи сиёҳ, воситаҳои нақлиёт ва дигар молҳоро харидорӣ намуда, дар навбати худ ба ин кишвар меваи хушк ва дигар маҳсулоти худро интиқол медиҳад. Албатта, дар маҷмуъ, ин нишондиҳанда моро қаноатманд карда наметавонанд, вале барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ захираву имкониятҳои истифоданашуда зиёданд. Ба андешаи ман дар мадди аввал ба вуҷуд овардани заминаи шартномавию-ҳуқуқӣ, таъсиси комиссияи байниҳукуматӣ барои густариши ҳамкориҳои иқтисодию-тиҷоратӣ ва илмию-техникӣ шарти асосӣ ба шумор меравад.Дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия ба роҳ мондани ҳамкорӣ, истифодаи таҷрибаи Эстония дар бахши технологияҳои иттилоотӣ барои Тоҷикистон самаранок буда метавонанд. Ҳамчунин ҳамдастӣ кардан дар соҳаҳои гуманитарӣ, маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ метавонад ба манфиати ҳарду ҷониб бошад. — Эстония дар байни кишварҳои паҳнои пасошўравӣ ҷиҳати муваффақона амалӣ намудани барномаҳои роҳандозӣ намудани ҳукумати электронӣ ҷойгоҳи махсусро соҳиб шудааст. Тоҷикистон метавонад умед бандад, ки Эстония дар амалӣ намудани чунин барномаҳо мусоидат менамояд?- Зикр кардан бамаврид аст, ки аз соли 2000 инҷониб Ҳукумати Эстония аз шабакаи электронии ҳуҷҷатгузорӣ дар Интернет васеъ истифода мебарад. Мувофиқи натиҷаҳои озмуни Комиссияи Аврупоӣ лоиҳаи Эстония оид ба гузаронидани сектори давлатӣ ба ҳуҷҷатнигории электронӣ дар миқёси Аврупо беҳтарин шуморида шуд. Барномаҳои эстонии «Ҷаҳиши бабр», «Скайп», э-политсия ва э-департаменти андоз, инчунин низоми табодули иттилооти «X-tee», ки дар Эстония эҷод шудааст, таваҷҷуҳи бисёр кишварҳои оламро ҷалб намуда, барои баъзе давлатҳо намуна барои пайравӣ гардиданд.Тоҷикистон низ метавонад аз таҷрибаи Эстония дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ истифода намояд. Минҷумла, истифодаи қарорҳои технологияи иттилоотӣ дар сектори ҷамъиятӣ, дар самти амалӣ намудани қарорҳои электронӣ ҷиҳати идораи ҳукумати электронӣ имкон дорад, зеро аллакай дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ бо миёнаравии Академияи давлати электронии Эстония, инчунин ҷиҳати роҳандозии низоми электронии мониторинги сарҳад бо ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон бо ҷумҳурии мо робитаҳо барқарор шудаанд. — Ҷаноби Сафир, намояндагии дипломатӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин ҳамватанони мо, ки муқими ин кишвар ҳастанд, чи гуна кор мебарад? Дар мавриди ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони мо дар ин кишвар кадом тадбирҳо андешида мешаванд? — Шоистаи зикр аст, ки дар Эстония ба миқдори кам ҳам бошад, шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамватанони мо, ки ҳоло шаҳрвандии ин давлатро қабул кардаанд, зист доранд. Сафорат бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки миёни онҳо донишҷўён низ ҳастанд, дар тамос аст, ба онҳо, инчунин шахсоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд, кумакӣ ҳуқуқию-консулӣ мерасонад.Дар Эстония ҳамватанони мо бо дастгирии Сафорат ҷамъияти худро таъсис доданд ва он моҳи ноябри соли гузашта расман аз қайд гузашта, ба фаъолият шуруъ намуд. Имсол аъзои ин ҷамъият, ки роҳбарии онро Амирхон Парн ба уҳда дорад, бори нахуст иди байналмилалии Наврўзро ҷашн гирифтанд. — Саволи охирин. Ба қарибӣ сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Эстония ба Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт. Зимни ин сафар кадом масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд?- Ҳоло Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус ба омодасозии ин сафар, ки рўзҳои 6-8 майи соли равон сурат мегирад, машѓул аст.Мо дар марҳилае қарор дорем, ки ҳамкориҳо бо Эстония ба маҷрои нав ворид мешаванд. Аз ин рў, аз ин сафар умеди зиёд дорем. Дар назар аст, ки зимни ин боздид масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла, муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, мавзуъҳои рўзномаи сиёсати байналмилалӣ, муносибатҳои минтақавӣ, бо шумули вазъияти Афѓонистон ва Осиёи Марказӣ баррасӣ мешаванд. Дар ин миён баррасӣ намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию-иқтисодӣ ҷойи махсус дорад. Ҳамчунин баргузор намудани анҷумани соҳибкорони ду кишвар дар назар дошта шудааст.

Апрель 30, 2013 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид