Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд

Апрель 14, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 14.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ яке аз самтҳои асосӣ ва калидии дурнамои рушди давлат маҳсуб шуда, пешрафти он ба идоракунии давлатӣ, иқтисод, молия, энергетика ва хизматрасониҳо мусоидат менамояд. Чунин иброз намуд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд», ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» бо иқдоми Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд. Дар он беш аз 2000 нафар иштирокдорон, роҳбарони муассисаҳои олӣ ва касбии кишварҳои хориҷӣ ва Тоҷикистон, олимону донишмандон, коршиносон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок намуданд.

Таҳкими ҳамкории байналмилалии академӣ дар соҳаи рушди устувор, пешбурди навовариҳо, технологияҳои рақамӣ ва қарорҳои «ҳушманд» барои иқтисоди устувор, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, стартапҳо ва лоиҳаҳои илмӣ дар соҳаи экология, иқлим, захираҳои об, энергетика ва шаҳрсозии сабз, инчунин намоиши таҷрибаҳои беҳтарини таълимӣ, илмӣ ва соҳибкорӣ, пешбурд ва дастгирии институтсионалии ташаббусҳои глобалӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои рушди устувор, рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ аз ҳадафҳои асосии форум арзёбӣ гардид.

Дар форуми байналмилалӣ муовини Сарвазири мамлакат оид ба рушди соҳаҳои иқтисоди «сабз», рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар мамлакат ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуд. Гуфта шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт якчанд санаду барномаҳои давлатӣ қабул намудааст. Аз ҷумла, қабули «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2021-2025» аз қадамҳои қатъӣ дар самти муваффақ гардидан дар рушди иқтисоди миллии мамлакат маҳсуб мешаванд.

Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ на танҳо соҳаи иқтисод, балки сохтори иҷтимоӣ ва низоми идоракунии давлатиро тағйир медиҳанд. Он аз ҷиҳати идоракунӣ муфиду самаровар буда, дастрасии аҳолиро ба маълумот, маориф ва хизматрасонӣ беҳтар намуда, нобаробариии минтақавӣ ва мушкилоти табииро коҳиш медиҳад ва сатҳи зиндагии шаҳрвандонро боло мебарад.

Таъкид гардид, ки мавзуи меҳварии форум, ки фарогири мавзуъҳои вобаста ба рушди устувор, иқтисоди «сабз», идоракунии рақамӣ ва истифодаи оқилонаи имконияти технологияҳои нав мебошад, дар суръатбахшии стратегия, Консепсияи иқтисоди рақамӣ, «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2021-2025», ҳамкории мутақобил ва табодули таҷриба дар ин самт қадами муассир мебошад.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ба ин раванд бо диду назари нав ва таҳаввулоти амиқ ворид гардидааст. Дар баробари ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи обу иқлим Тоҷикистон мавқеи худро дар масоили зеҳни сунъӣ тадриҷан таҳким мебахшад. Моҳи июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсус қабул намуд, ки бо он ташаббуси Тоҷикистон пешниҳод гардида, ба нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконияти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ бахшида шудааст. Ин иқдоми нав, саривақтӣ ва ояндасоз аст, ки Тоҷикистонро ба ҳайси ҷонибдори технологияҳои рақамӣ муаррифӣ менамояд. Илова бар ин Тоҷикистон дар муколамаи байналмилалии зеҳни сунъӣ фаъолона иштирок намуда, баргузории ҳамоишҳои марбут ба ин самтро пуштибонӣ менамояд.

Дар даҳсолаи охир иқтисоди Тоҷикистон рушди устуворро таҷриба намуд. Баланд шудани ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, афзоиши даромади аҳолӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ далели он аст, ки ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакат самаранок татбиқ мегардад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ рушди минбаъда бе гузариш ба иқтисоди «сабз» ғайримкон аст. Натиҷаҳои ин ҳамоиш ба тавсеаи муҳим, ташаббусҳои муштарак, лоиҳаҳои нав, робитаҳои устувори байналмилалӣ ва механизмҳои нави ҳамкорӣ асос мегузоранд.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода изҳор намуд, ки форум платформаи бисёрзинагии байналмилалӣ мебошад, ки ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи илмӣ ва академӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷавононро бо мақсади баррасии рӯзномаи рушди устувор, иқтисоди «сабз», гузариши рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва инноватсия муттаҳид сохтааст. Баргузории ин форум дар таҳкими нуфузи массисаҳои олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ нақши муҳим мебозад.

Дар маросими ифтитоҳи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» намояндаи доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвати Рамасвами, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Барно Саидвализода, Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва дигар намояндагони кишварҳои хориҷӣ доир ба равандҳои рушди устувор, иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон ва Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» саммити ректорон, конфронсҳои байналмилалии илмию амалӣ дар самтҳои гуногун, форуми экологии ҷавонон, форуми соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои лоиҳаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, ташаббусҳои стартапӣ, олимпиадаю озмунҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ-экологӣ, мусобиқаҳои сайёҳии варзишӣ, инчунин чорабиниҳои дигари канорӣ гузаронида мешаванд. Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» ҳамчун платформаи муҳими муколамаи бисёрҷониба хизмат намуда, ба таҳкими ҳамкории илмӣ, иқтисодӣ ва институтсионалӣ байни кишварҳо мусоидат менамояд.

Баргузории Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» ба тақвияти ҳамкории устувори байналмилалӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштараки илмӣ, таълимӣ ва соҳибкорӣ, рушди ҷавонон ва навовариҳо, инчунин таҳкими нақши Тоҷикистон ҳамчун маркази эътирофгардидаи минтақавӣ ва байналмилалии рушди устувор мусоидат менамояд.

Дар маҷмуъ, баргузории чунин форумҳо барои Тоҷикистон чун минбари муколама, воситаи пешбурди дипломатияи рушд, таҳкими эътимоди байналмилалӣ ва муаррифии иқтидори воқеии миллӣ хизмат менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Апрель 14, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд