Барқияи тасаллият ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Дар Тоҷикистон ин амали террористиро, ки ҳангоми гузаронидани марафони Бостони ИМА рух дода, боиси марги чандин нафар шаҳрванд гардид, бо нафрати беандоза қабул карданд. Ин амали ғайриинсониро қатъиян маҳкум намуда, мо дастгирии худро нисбат ба талошҳое, ки ба муқовимати босамар бар зидди ин кирдори нангин равона шудаанд, баён медорем ва кӯшишҳои сарҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро дар мубориза бо терроризм ҷонибдорӣ менамоем. Аз Шумо, Ҷаноби Президент, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасаллияти амиқ ва эҳсосоти ҳамдардии моро ба хешовандону пайвандони ҳалокшудагон расонед ва таманнои моро дар мавриди ҳарчи зудтар шифо ёфтани ҳамаи зарардидагон қабул фармоед».








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






