Мулоқоти Ҳ. Зарифӣ ва Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ
Душанбе, 16 апрел (АМИТ «Ховар»).- 15 апрели соли 2013 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ бо иштироки ҳайатҳои ду кишвар анҷом ёфт. Дар оғози вохӯрӣ масоили татбиқи санадҳое, ки дар ҷапраёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон моҳи сентябри соли гузашта ба имзо расида буданд, баррасӣ гардиданд. Зимни суҳбат маҷмӯи васеи масоили робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, тиҷорат, энергетика, сайёҳӣ, маориф, фарҳанг ва технологияҳои муосир мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҷонибҳо аз ҳамкорӣ дар бахши энергетика изҳорӣ қоноатмандӣ намуда, таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Варзоб-1-ро аз намунаҳои назарраси ин ҳамкорӣ номиданд. Инчунин ҷалби сармояи ҳиндустонӣ ҷиҳати сохтмони нерӯгоҳҳои барқию обӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гашт. Дар мулоқот вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои хурди Ҳиндустонро дар Тоҷикистон дар самти густариши муносибатҳои иқтисодии дуҷониба иқдоми саривақтӣ номид. Тарафҳо оид ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон табодули назар намуда, татбиқи мувофиқатҳои конфронси RECCA V-ро барои таъмини амнияту суботи минтақа зарур шумориданд. Дар ҷараёни мулоқот инчунин таъкид гардид, ки барқарор намудани алоқаи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон барои тавсеи ҳамкориҳои дуҷонибаи минбаъда ниҳоят муҳим мебошад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон роҷеъ ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ ибрози назар намуда, хотиррасон кард, ки соли 2014 дар Тоҷикистон 700- солагии мутафаккири бузурги шарқ Мир Саид Алии Ҳамадонӣ таҷлил мегардад. Дар ин ҷода, ташкили сафари пайравони зиёди ин мутафаккири бузург аз Ҳиндустон ҷиҳати зиёрати оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кулоб яке аз самтҳои ояндадори рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ арзёбӣ шуд. Ҳамчунин гуфтугӯи судманд роҷеъ ба ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла СММ сурат гирифт.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






