Расонаи зиндагӣ
(Сухане чанд оид ба рушди шабакаҳои радиои Тоҷикистон)10-уми апрел- иди касбии кормандони радиоДушанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Радиои Тоҷикистон- ин садои дили мардуми Тоҷкистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон аст. Ин расонаи муҳими хабарӣ пеш аз ҳама барои инъикоси саривақтии амру фармон ва дастурҳои Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси Олӣ, қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон, тарғиби ғояҳои сулҳ, ваҳдат ва худогоҳии миллӣ нақши муассир мегузорад. Радиои Тоҷикистон ин воситаи муҳимтарини ташвиқу тарғиби ғояҳои худшиносӣ, худогоҳии миллӣ, хештаншиносӣ, кашшофи истеъдодҳои наву тоза мебошад. Он барои баланд бардоштани маърифати сиёсии мардум, маънавияти ҷомеа, боло бурдани савияи таълиму тарбия хизмат менамояд. Агар Радиои Тоҷикистон дар соли таъсисаш -10-уми апрели соли 1930 ҳар рӯз ҳамагӣ дар ҳаҷми 5 дақиқа ахбор ва барномае бо номи «Радиогазета» дошта бошад, имрўз ҳамчун як расонаи муқтадир, тавоно ва дастрастарини омма бо ҳашт забон барнома пахш мекунад. Ҳайати эҷодии ин коргоҳ дар робита ба тағйироти рўзафзуни ҳаёти ҷомеа, дигаргунсозиҳои сиёсиву иқтисодӣ, ба миён омадани падидаҳои нави фархангӣ ва ҳамқадами замон намудани барномаҳо як идда гуфтору барномаҳои навро рӯи кор оварданд. Саҳми радио дар худшиносиву ваҳдати миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боз ҳам муассиртар аст. Ҷомеаи имрӯзаро бе радио тасаввур кардан номумкин аст. Вай на танҳо барандаи ахбори навин аст, он ҳамчунин мушовир, носеҳ, мубаллиғ, созмондеҳу маърифатомўз аст. Солҳои истиқлол кормандони идораи «Ахбор»-и Радиои Тоҷикистон низ ҳамқадами замон гардида, шеваи фаъолияташонро пурра тағйир доданд. Вобаста ба талаботи вақт дар баёни матлаб, истифодаи жанр, забону услуб ва бандубасти барномахои хабарӣ қолабшиканӣ ба вуҷуд омад. Ҷойи мусоҳибаҳои хушку холӣ ва хабарҳои дуру дарозро ахбори муъҷазу оҷилӣ, мусоҳибаю гузоришҳои кӯтоҳ гирифтанд. Идора дар тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат ҷиҳати беҳбуди ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангии кишвар, ваҳдати миллӣ, худшиносии халқ, дӯстию рафоқати миёни мардумони мамлакат саҳм мегузорад. Ҳамарӯза аз ҷараёни фаъолияти бунёдкоронаи Президенти кишвар, ҷаласаҳои ҳукуматӣ, Маҷлиси Олӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ хабару гузоришҳои оҷилӣ пахш мешаванд. Робитаи кормандони идора бо хадамоти матбуотии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, парлумон ва идораҳои алоҳида қавӣ гардид, мухбирони дар маҳал будаи радио муҳимтарин ҳаводиси рӯзро аз гӯшаву канори мамлакат ба таври фаврӣ пешкаши шунавандагон мегардонанд. Яке аз барномаҳое,ки бо тақозои ҷамъият ва давлат ташкил шуда, барои ба ҳам овардани парешонии тоҷикон ва бунёди пояи ваҳдату истиқрори сулҳи Тоҷикистон саҳми арзанда гузошт, ин барномаи «Хоки Ватан» буд. Ин гуфтор аз ҷиҳати шаклу мундариҷа дар таърихи васоити ахбори умуми ҷаҳон таҷрибаи пурарзиш маҳсуб ёфт. «Хоки Ватан» дар баргардонидани гурезаҳо ба Ватан нақши умдае бозида, вазифаи таърихии худро иҷро кард, ки ин баҳо соли 2001 дар вохӯрии Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон бо зиёиён махсус қайд гардид. «Дар вақти баргардонидани фирориён аз худуди Ҷумхурии Исломии Афғонистон ва дигар мамлакатҳои хориҷаи дур як барномаи хеле хуб буд, ки ба воситаи Радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медод, «Хоки Ватан». Бовар кунед, ин барнома вазифаи асосии худро дар назди таъриху миллат бозид ва бениҳоят хизмати бузург кард»,- таъкид намуда буд Сарвари давлат. Қобили тазаккур аст, ки барномаи мазкур дар давраи солҳои 1993-1994 то соли 1997 бештар аз 800 маротиба садо дод. Аз моҳи августи соли 1998 кори шабонарӯзии радиои ҷумхурӣ ба роҳ андохта шуд ва масъулияти кормандони идора афзуд. Роҳбарияти кумита дар бобати бо техникаи нави ҳозиразамон таъмин кардани идора саъю талош варзиданд ва дастгоҳҳои нави техникӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳоло дар идораҳои радиои Тоҷикистон аз компютер кор мегиранд ва кормандон бо шабакаи ҷаҳонии Интернет пайвастаанд ва рӯйдодҳои тозаи хориҷи ҷумҳуриро сари вақт дарёфт менамоянд. Шароити иҷтимоии онхо хеле хуб гардидааст.Тоҷикистон аввалин ҷумҳурие буд, ки дар Осиёи Марказӣ Идораи барномахои бурунманзиро таъсис дода, ҷумҳуриро барои миллионҳо нафар ҳамзабонони мо дар кишварҳои хориҷӣ муаррифӣ намудааст. Идораи барномаҳои бурунмарзӣ моҳи октябри соли 1949 бевосита бо ташаббуси роҳбари мақоми аввали Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғаффуров ташкил гардида, тарзи ҳаёти он замонро дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои шунавандагони хориҷӣ тарғиб менамуд. Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Идораи барномаҳои бурунмарзӣ тарз ва услуби кори худро ба куллӣ дигаргун намуда, тарғиби сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистонро ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба аҳли олам ошно намудани таърих, адабиёту фарҳанг, забон ва дастовардҳои кишварро ҳадафи асосии хеш карор дод. Пас аз баргузории сессияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд, дар идораи барномаҳои бурунмарзӣ илова ба бахшҳои дарию форсӣ, инчунин дар ҳаҷми 15 дақиқа ба забонҳои арабӣ ва англисӣ барномаҳои нав шомил гаштанд. Ин барномаҳо асосан ҷанбаи иттилоотӣ дошта, шунавандагони арабизабон ва англисизабонро бо муҳимтарин рӯйдодҳои Тоҷикистон ошно менамоянд. Дар солҳои истиқлолият рағбати шунавандагони бурунмарзӣ ба рӯйдодхои ҳамарӯзаи Тоҷикистони тозаистиқлол пайваста афзоиш меёфт. Бо мақсади харчи бештар ошно намудани шунавандагон бо муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон барномаҳои ахбор рангину пурмуҳтаво гардида, миқдорашон афзоиш ёфт. Ҳоло барномаҳои ахбор ба забони дарӣ дар зери унвони «Бозтоб» ва ба забони форсӣ бо номи «Тоҷикистон дар оинаи ахбор» бо шарҳу тафсирҳои сиёсӣ ва гузоришҳои хабариву суҳбатҳои кӯтох 30 дақиқа садо медиҳанд. Идораи барномаҳои бурунмарзӣ, махсусан ба тарғиби Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки дар таҷрибаи сиёсии ҷаҳон падидаи нодире мебошад ва самараҳои он таваҷҷуҳи зиёдро молик аст, дар барномаҳо мунтазам таъкид мегардад, ки оромӣ ва сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон на танҳо барои сокинони кишвари мо чун обу ҳаво зарур аст,балки барои амнияти минтақа низ нақши ҳалкунанда дорад.Солҳои 1998-1999 барои кормандони Радиои Тоҷикистон солҳои бобарор, ҷустуҷӯ ва эҷодкориҳо буданд. 14-уми августи соли 1998 дар ҳаёти маънавии мамлакат тағйироти назаррасе ба амал омад. Дар ин рӯз Радиои Тоҷикистон дар таърихи қариб 70-солаи худ бори аввал ба пахши шабонарӯзии гуфторҳо шуруъ намуд. Ба муносибати ин рӯйдоди фаромушнашаванда Президенти Ҷумхурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Кумитаи телевизион ва радиошунавонии ҷумхурӣ номаи табрикӣ ирсол намуд. Дар номаи табрикӣ ҷустуҷӯ, эҷодкорӣ ва муносибати дилсӯзонаи кормандони телевизион ва радио нисбат ба кор таъкид гардида, аз ҷумла қайд шуда буд: «Акнун мардуми мо ва хушбинони кишвари мо дар хориҷ имконият пайдо мекунанд, ки тӯли шабонарӯз, ҳатто дар нимашаб ҳам бо забони модарии худ барномаҳои қобили таваҷҷуҳи худро шунаванд, бо навигариҳои ҳаёти сиёсӣ, иктисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бештар ошно гарданд… Ин натиҷаи ҷустуҷӯ, эҷодкорӣ ва муносибати дилсӯзонаи кормандони соҳаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ нисбат ба талаботу дархости аҳли ҷомеа мебошад. Муҳимтараш он аст, ки ин кор дар натиҷаи истифодаи захираву имкониятҳои соҳа амалӣ гардида, аз буҷаи давлатӣ ҳеҷ гуна маблағ сарф нашудааст. Ҳамин тариқ, бо пурра гардидани фазои иттилоотии кишвар ваҳдати мардуми Тоҷикистон, тафоҳум ва ҳамбастагии ҳарчи бештари онҳо ва дар ҳадди охир пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон минбаъд ҳарчи бештар қавитар хоҳад шуд». Идораи барномаҳои сиёсии радиои Тоҷикистон тавонист, оид ба истиқлолият 14 радиофилм офарад, ки онҳо аз иҷлосияи таърихии 16-ум сар карда, 14 соли ҳаёти кишварро бо раванди истиқлолият фаро мегиранд.Ин иқдом дар таърихи Радиои Тоҷикистон бори аввал гузошта шуд ва он ҳамчун таърихи 14-солаи истиқлолият дар «Хазинаи тиллоӣ»-и радио нигоҳ дошта мешавад. Ғайр аз ин бахшида ба 10-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ таҳти унвони «Гардиши бузург» радиофилми дигар офарида шуд, ки дар бойгонии радио мавқеъ гирифтааст. Ҳамчунин ба ифтихори 10-солагии Конститутсияи Тоҷикистон бо номи «Бахтномаи мо» радиофилми тозасабт фонди тиллоии радиоро ғанитар сохт. Кобили тазаккур аст, ки ҳамаи ин радиофилмҳо аҳамияти таърихӣ доранд ва ин як навъ тозакориест дар собиқаи радиои Тоҷикистон.18 январи соли 1999 дар Радиои Тоҷикистон шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе» арзи ҳастӣ кард, ки он ҳамарӯза барномаҳои иттилоотию омӯзишӣ, сиёсию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва мусиқиро пахш мекунад. Ҳамин тарик, Радиои Тоҷикистон ба як сохтори воҳиду муташаккил табдил ёфт. Ҳаҷми пахши барномаҳо афзуда, дар як шабонарӯз аз 34 соати соли 1990 ба 54 соат расид.Аз соли 2004 ба ин сӯ таваҷҷуҳи ҳукумат ба шабакаҳои радиоӣ афзуд. Дар сохтори радио ду шабака таъсис шуд. «Овози тоҷик» — шабакаи иттилоотиву фарҳангист, ки 2-юми майи соли 2007 дар заминаи идораи барномаҳои бурунмарзӣ ва студияи «Фурӯғи Ориёно» -и радиои Тоҷикистон таъсис ёфта, аз 1-уми июн ба пахши барнома шуруъ кардааст. Барномаҳо ҳамарӯза аз соати 700 то 1500 ба ҳашт забон (дар ҳаҷми яксоатӣ) – тоҷикӣ, дарӣ, форсӣ, русӣ, инглисӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва ӯзбекӣ мустақиман пахш гардида, аз 1500 то 2300 такроран шунавонида мешаванд.Аз 1-уми октябри соли 2009 ба таври шабонарӯзӣ (24 соат) пахш мешавад.«Фарҳанг» – шабакаи фарҳангии радиои Тоҷикистон 1 апрели соли 2008-ум таъсис ёфта, аз 5 ноябри соли 2008 ба пахши барномаҳо шуруъ намудааст. Ба тариқи шабонарӯзӣ (24 соат) ба забони тоҷикӣ рӯи мавҷи 106,5 FM барнома пахш мекунад. Аз ин миқдор дар ҳаҷми 12 соат (аз соати 9.00 то 21.00) барномаҳои аслӣ ва дар ҳамин ҳаҷм барномаҳои такрорӣ садо медиҳанд. Ҳамарӯза сари 3 соат ба муддати 5 дақиқа барномаҳои хабарӣ бо номи «Навид» пахш гардида, асосан рӯйдодҳои фарҳангиро ба таваҷҷуҳи сомеъон мерасонад.Ҳамин тариқ, бо ифтитоҳи шабакаи чаҳоруми радиои Тоҷикистон – шабакаи «Фарҳанг» ҳаҷми умумии пахши барномаҳои радиои Тоҷикистон дар як шабонарӯз маҷмўан аз 56 соат ба 80 соат расида, фазои иттилоотии Тоҷикистон бо пахши барномаҳои хусусияти фарҳанги миллидошта ба муддати 24 соати дигар комилтар гардид. 9-уми сентябри соли 2010 шабакаи «Садои Душанбе» низ ба пахши шабонарўзӣ гузашт ва ҳаҷми умумии барномаҳои чаҳор шабакаи марбути Кумита ба 96 соат расид, ки аз ин миқдор 42%- ро барномаҳои оригиналӣ ташкил медиҳанд. Радиои Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоту печидагиҳои ҳаёт рисолати таърихии худро иҷро намуд, бо ҳама муаммоҳои масири дар пешдошти қисмати давлати соҳибистиқлолро фаро гирифта тавонист, беш ва пеш аз дигар расонаҳо сари арзишҳои миллию суннатӣ ҳарф зад. Кормандони он баҳри нигаҳдорию камолоти неъмати бузургтарин – истиқлол кору пайкор намуданд. Роҳи тайкардаи ҷомеа ҳамвор набуд ва дар чунин шароит кор саҳл набувад. Муҳимтарин нукта ин аст, ки радиои Тоҷикистон воқеан радиои миллӣ гардид, мазмуну муҳтавои гуфтору барномаҳояш ҷанбаи соф миллии сиёсӣ, фарҳангӣ, ахлоқию равонӣ гирифтанд, аз унсурҳои эҳёкунандаю созанда кор гирифта, аз ҷузъиёти хафасозанда даст бардошта шуд, арзишҳои умумимиллӣ бо умумибашарӣ тавъам гардиданд.Саидмуроди Хоҷазод,муҳаққиқи радио ва телевизион,номзади илмҳои филология