Ҷавонон муаррифгари фарҳанги сулҳ!
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар»). — Беш аз 70 фоизи ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар дар Рӯзи ҷавонон зикр намуд, ки: «Ҳар як ҷавон ниёз ба дастгирӣ дошта, таваҷҷуҳи хосаро талаб менамояд». Дар ҳақиқат духтарону писарони ҷавони мо дар шароити ниҳоят ҳассос ва тағйирёбиҳои куллии умумибашарӣ ба воя мерасанд. Рушди қобилиятнокӣ ва истифодаи самараноки онҳоро ба самти навсозию навгониҳо дар ҷабҳаҳои гуногуни чамъиятӣ, аз қабили илмомузӣ, халли масъалаҳои шаҳрвандӣ ва билохира масъалаҳои ҷаҳонӣ мебояд равона кард. Бояд гуфт, ки ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷамъият буда, ояндаи Тоҷикистон низ дар дасти онҳост. Барои ин ба онҳо малака ва шароит лозим аст, то ҳама онро барои мустаҳкам гардонидани давлати хеш, фарҳанг, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муколамаи байнифарҳангӣ равона намоянд. Вохурии навбатии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар 23 майи соли ҷорӣ, ки муколамаи миёни ду насл номида мешавад, насли ҷавону ояндасози кишварро ба масъулияти баланди ватандорӣ, ҳифзи марзу буми Тоҷикистон, пуштибонӣ аз манфиатҳои давлату миллат, ваҳдату ягонагӣ, ифтихору сарфарозӣ аз ҳувияти миллӣ ва давлатдории тоҷикон, ҷаҳду талоши доимӣ барои рушду тараққиёти Ватани азизамон ҳидоят намуд. Бо ҷонибдорӣ аз вохӯрии гузашта ва пайгирии сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат эълом медорем, ки фаъолияти Комиссияи миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО барои истифодаи иқтидори максималии ҷавонони кишварамон дар самти пешбурди сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистони азизамон, пешбурди маориф, илм, фарҳанг, коммуникатсия ва иттилоот, баҳри васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои ҷавонон, ки маҳаки ҷомеаи мо ба ҳисоб мераванд, равона шуда, пайваста баҳри амалӣ намудани онҳо талош хоҳем кард. Дар ин бора Шаҳло Абдураҳимова, котиби масъули шуъбаи ЮНЕСКО-и ВКХ ҶТ иттилоъ дод.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






