Фестивали «Навои ҷовидон»
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Соли ҳаштум аст, ки дар радифи таҷлили Рӯзи шашмақом ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд фестивал-озмуни «Навои ҷовидон» байни бачагону наврасон гузаронида мешавад. Тавре ки сармутахассиси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Раҳматуллоев иттилоъ дод, мақсад аз баргузории чорабинии мазкур рушди санъати шашмақомхонӣ, рӯи саҳна овардани истеъдодҳои умедбахш мебошад.15-май дар Муассисаи давлатии Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Раёсати фарҳанг, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Раёсати маорифи вилоят бахшида ба Рӯзи шашмақом ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти шиори «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар» фестивал-озмуни «Навои ҷовидон» баргузор гардид. Дар фестивал-озмун мақомсароёни наврас аз як гуруҳ шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, маҳорати худро дар мақомсароӣ ва мутрибӣ намоиш доданд.Аъзои ҳакамон таҳти сарварии санъатшинос профессор Султоналӣ Худойбердиев ба ҳунару истеъдоди санъаткорони наврас баҳогузорӣ карда, дар бахши овозхонӣ Фарзона Раҳимоваро аз шаҳри Хуҷанд ғолиб дониста, ӯро бо мукофоти асосӣ Шоҳ-ҷоиза сарфароз гардониданд. Ҷойи якумро Фирдавс Қундузов аз ноҳияи Ғончӣ, ҷойҳои дуюм ва сеюмро Муқаддамой Исмоилшехова аз шаҳри Хуҷанд ва Аслиддин Раҷабов аз шаҳри Истаравшан ишғол карданд. Дар бахши навозандагӣ се зинаи аввали ифтихориро Сабрина Ҳаётҷонзода, Муҳаммадҷон Эргашев аз ноҳияи Спитамен дар дуторнавозӣ ва Нодирҷон Наимӣ аз шаҳри Хуҷанд дар танбӯрнавозӣ ишғол карданд. Ғолибон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






