Иштироки Р.Солиев дар Конфронси байналмилалии “Ихтилофоти Шимол-Ҷануб”
Душанбе, 29 май (АМИТ «Ховар»).- 24-26 майи соли 2013 дар шаҳри Таллини Эстония Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, сафир Рустамҷон Солиев дар Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Ихтилофоти Шимол-Ҷануб: идоракунии тартиботи нави ҷаҳонӣ» иштирок намуд. Дар чорабинӣ намояндагони баландпояи Комиссияи Аврупо, вакилони Парлумони Аврупо, роҳбарони ҳукуматҳо ва вазирони корҳои хориҷӣ, сафирони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, роҳбарони ташкилотҳои ғайридавлатии байналмилалӣ, сиёсатмадорон, олимон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. Мақсад аз ҳамоиши мазкур баррасии масоили умдаи сиёсӣ ва амният дар чанд минтақаи ҳассос ба шумор мерафт. Ҳангоми баррасии мавзӯи густариши аҳамияти стратегии Осиёи Марказӣ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Р.Солиев баромад кард. Ӯ аҳамияти муҳими Осиёи Марказиро аз нуқтаи назари геополитикӣ ва стратегӣ пайваста ба афзоиши равобити ҳамаҷонибаи Ғарбу Шарқ дар марҳилаи муосир зикр намуда, таъкид сохт, ки минтақа ба чолишҳо ва хавфҳои ҷиддӣ, ба монанди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва экстремизм рӯ ба рӯ омадааст. Дар ин робита, Сафир Р.Солиев нақши калидии Тоҷикистонро дар таъмини амнияти минтақа, масоили мубориза алайҳи терроризм, моддаи нашъаовар ва экстремизм шарҳ дод. Ӯ иброз дошт, ки яке аз роҳҳои асосии нигаҳдории сулҳу субот дар минтақа ин ба роҳ мондани ҳамкории муфиди ҳамаҷониба миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Зикр шуд, ки «Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2007-2013» ва лоиҳаи «Роҳи нави абрешим» дар ин самт шароити мусоид фароҳам меоварад. Р.Солиев таъкид сохт, ки Тоҷикистон пайдарпай сиёсати дарҳои бозро пеш мебарад. Ӯ таъкид намуд, ки пешбурди сиёсати дарҳои боз аз ҷониби Тоҷикистон, гузарондани ислоҳоти сиёси ва иқтисодӣ, қабули қонунҳои либералии иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ, узвияти комилҳуқуқи Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо нишонаҳои баръалои омодагии Тоҷикистон барои ҳамкории муфид дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошанд. Яке аз масъалаҳои ҳассоси минтақа ин истифодаи захираҳои об мебошад ва бо назардошти он, Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи истифодабарии захираҳои об сиёсати конструктивӣ ва прагматикиро пеш мебарад, ки он манфиатҳои тамоми давлатҳои ҳамсояро ба эътибор мегирад. Дар ин маврид, ташаббусҳои обии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудаанд, ба монанди «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 ва«Соли байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» хотиррасон гардиданд. Дипломати тоҷик ҳозиринро барои иштироки фаъол дар кори Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи соли равон дар ш.Душанбе таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид мегузарад, даъват намуд. Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон манбаи муҳими таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои минтақа, аз ҷумла, Афғонистон ва Покистон мебошанд. Сафири Тоҷикистон Р.Солиев дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ бо Сарвазири Эстония Андрус Ансип, Сарвазири Латвия Валдис Домбровскис, Вазири корҳои хориҷии Латвия Эдгарс Ринкевичс, Вазири корҳои хориҷии Шветсия Карл Билдт, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Афғонистон Вигаудас Ушаскас сӯҳбатҳо доир намуд. Дар ҷараёни мулоқотҳо ҷонибҳо масоили равобити дуҷониба ва мавзӯи Афғонистонро баррасӣ карданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






