Президенти нави Конфедератсияи футболи Осиё
Душанбе, 3 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Президенти Ассосиатсияи футболи Баҳрайн Шайх Салмон бани Иброҳим Ал – Халифа президенти нави Конфедератсияи футболи Осиё интихоб гардид. 2 май дар шаҳри Куала – Лумпур маросими интихоби президенти нави Конфедератсияи футболи Осиё баргузор гардида, дар он Шайх Салмон бани Иброҳим Ал – Халифа пирӯз шуд.Тавре ки сомонаи расмии созмони мазкур хабар медиҳад, роҳбари 43 – солаи Ассотсиатсияи футболи Баҳрайн аз ҷумлаи 46 овоз 33 овозро ба даст овард. Шайх Салмон ҳамчунин ба ҳайси узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи умумиҷаҳонии футбол аз Осиё интихоб гардид. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид






