Сафари Сарвазири Тоҷикистон ба Минск

Май 30, 2013 11:19

Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Субҳи имрӯз Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ба шаҳри Минск рафт. Дар ин бора манбаи ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Дар баробари ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар ҳайати васеъ як қатор мулоқотҳои дуҷониба пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин ҷаласаи роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар ҳайати маҳдуд баргузор мешавад. Ғайр аз ин, роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар ҷаласаи умумии Ҳамоиши соҳибкорони давлатҳои аъзои Фазои ягонаи иқтисодӣ, ки 31 май баргузор мегардад, иштирок мекунанд. Мувофиқи маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа ба имзо расонидани Протокол дар бораи мавриди истифода қарор додани Шартнома оид ба минтақаи савдои озоди ИДМ аз 18 октябри соли 2011 байни Ҷонибҳои он ва Ӯзбекистон дар назар аст. Дар шартнома механизмҳои ҳуқуқии муносибатҳои мутақобилаи Ӯзбекистон ва давлатҳои аъзои он Шартнома оид ба минтақаи савдои озод муайян карда шудаанд.Иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо ҷараёни татбиқи барномаи байнидавлатии ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ барои давраи то соли 2020 – ро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар фасли иқтисодии рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо ҳамчунин баррасии Консепсияи ташкили Бонки арқоми патенту сармояҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор мегирад, ки ин ба вусъати фаъолияти илмию техникӣ ва рушди соҳибкории бахши сармояҳои фазои Иттиҳод мусоидат мекунад. Дар ҷараёни ҷаласа сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои ИДМ масоили ҳамкории бахши гуманитариро баррасӣ мекунанд.

Май 30, 2013 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд