Ҳафтаи кинои Украина дар Душанбе

Июнь 5, 2013 13:12

Душанбе, 5 июн (АМИТ «Ховар» Зарангез Латифова).- Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи кинои Украина доир мешавад. Рўзи 25 июн, соати 17-00 намоиши филми «За двумя зайцами» ва рўзи 26 июн, соати 15-00 филми «В бой идут одни старики» дар Кохи «Ҷомӣ» ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин бегоҳии 25 июн дар майдони Парчами Миллӣ барномаи консертӣ ташкил мешавад.Маросими ботантанаи Рўзҳои фарҳанги Украина ва консерти муштараки ҳунармандони Тоҷикистону Украина 26 июни соли 2006, соати 18-00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ доир мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раҳматулло Раҳматуллоев, котиби матбуотии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Июнь 5, 2013 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд