Бозии дӯстона миёни дастаҳои Тоҷикистону Афғонистон
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ) .- 4-уми июн дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бозии дӯстона байни дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо дастаи яккачини Афғонистон баргузор гардид. Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар ин бозии дӯстона бо ҳисоби 3:2 бо дастаи яккачини Афғонистон дастболо шуд. Бозигарони ҳарду даста дар нимаи аввали дидор ба дарвозаи якдигар дуголӣ заданд ва нимаи аввали сабқат бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт. Бозигарони мунтахаби миллии Тоҷикистон дар дақиқаи 74-уми нимаи дуюми дидор як голи дигар ба ҳадаф расонда, ҳисобро ба нафъи худ афзуданд.Мунтахаби Тоҷикистонро дар ин сабқат Рустам Усмонов — менеҷер, Мубин Эргашев — иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ, Салоҳиддин Ғафуров — мураббии калон раҳбарӣ карданд.Тими миллии Тоҷикистону Афғонистон то имрӯз се бор бо ҳам қувваозмоӣ кардаанд ва дар ин бозиҳо ҳамеша Тоҷикистон дастболо шудааст.








КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид






