Имзои Созишнома дар соҳаи маориф
Душанбе, 6 июн (АМИТ «Ховар»).- Чанд рӯз қабл дар Минск, дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ доир гардид. Дар маросим Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва аъзои ҳайати ҳукуматӣ, ки дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуда буд, ҳузур доштанд. Созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон – вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ва аз ҷониби Беларус – вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Сергей Маскевич имзо карданд. Бояд зикр намуд, ки Созишнома барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз тариқи гирифтани таълимоти шаҳрвандони Тоҷикистон ва Беларус дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, академияҳои таҳсилоти баъдидипломӣ, донишкадаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, донишкадаҳои рушди таҳсилот ва дигар муассисаҳои низоми маориф заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоварад. Санад, аз ҷумла, табодули донишҷӯён, кормандони омӯзгорӣ, иштирок дар олимпиадаҳо, озмунҳо, фестивалҳо, конфронсҳо, дар чорабиниҳои байналмилалии таълимӣ, рушди ҳамкориҳо миёни муассисаҳои таълимиро пешбинӣ мекунад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






