Иншооти нави хадамотӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 6 июн. (АМИТ «Ховар», С.Холов). — Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бинои наву замонавии дуошёна дар шафати раёсати корҳои дохилии минтақаи Кулоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ошёнаи якуми бино аз чор утоқи корӣ иборат буда, дар он минбаъд панҷ нафар корманд фаъолият хоҳад кард. Ҳамаи утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин шудаанд, ки ин имкон медиҳад шаҳрвандон сари вақт бо шиносномаҳо таъмин гарданд. Дар ошёнаи дуюми бино шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили гуруҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоби вилояти Хатлон ҷойгир шудааст.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






