Охири июл аз Арабистони Саудӣ ҳавои гарму хушк мевазад
Душанбе, 23 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳавошиносони кишвар иттилоъ медиҳанд, ки аз 27 то 31 июл аз биёбонҳои нимаҷазираи Арабистони Саудӣ ба ҷумҳурӣ ҳавои гарми хушк ворид гардида, ҳарорати ҳаво баланд шуда, дар нуқтаи гармтарини кишвар –Айваҷ ба 48 дараҷа мерасад. Парвина Саидҷамолова –сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Муассисаи обуҳавошиносии кишвар дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ин давра ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон рӯзона 41 -46, Суғд 39-44, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 33-38, дар Дарвоз то 40 дараҷа гарм шуда, дар водиҳо 38-44 ва дар куҳҳо ҳарорат ба 35 -40 дараҷа гармӣ мерасад. Гармии ҳаво дар пойтахти ҷумҳурӣ -шаҳри Душанбе охири моҳи июл 40-42 дараҷаро ташкил медиҳад. Мутахассиси ниҳоди масъул ба обуҳавошиносии кишвар мегӯяд, ки баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар охири моҳи июл ҳолати муқаррарӣ буда, он қариб ҳамасола дар фасли тобистон мушоҳида мешавад. Мавсуф афзуд, ки баланд гардидани ҳарорати ҳаво боиси обшавии пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, ба амал омадани сӯхтор дар ҷангалу бешазорҳо ва хароб гардидани роҳҳои автомобилгард мегардад. Аз ин рӯ дар ин рӯзҳо ҳаракати мошинҳои калоҳаҷми боркаши интиқолдиҳандаи борҳои вазнин дар роҳҳо бояд маҳдуд карда шавад. Ва аз ҳама беш ҳарорати баланди гармӣ ба саломатии одамон, хусусан пиронсолон ва кӯдакон хавф дошта, бояд пайваста об нӯшанд, аз гаштугузор дар ҳавои гарм худдорӣ намоянд, хусусан шахсоне, ки мубталои бемориҳои дил ва роҳҳои нафаскашианд. Баланд гардидани ҳарорати ҳаворо ҳавошиносон дар ҳоле пешгӯӣ мекунанд, ки моҳи Рамазон асту кулли мусулмонони кишвар аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб рӯза медоранд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






