Ифтитоҳи Маркази фароғатии ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод
Душанбе, 26 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази нохияи Тоҷикобод бинои дуошёнаи маркази фароғатии ҷавонони ноҳия мавриди баҳрабардорӣ карор дода шуд.Бинои мазкур бо харҷи 714 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар он беш аз 10 ҷойи корӣ муҳайё шудааст. Дар ин маҷмаъа, ки аз ду ошёна иборат мебошад, утоқи компютерӣ бо дастрасӣ ба шабакаи байналмилалии интернет, коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 мошинаи дарздузӣ, хонаи ақди никоҳ ва дар ошёнаи дуюм бошад, китобхонаи барҳавою замонавӣ ҷойгир аст. Зимни шиносоӣ бо шароити мавҷудаи бинои мазкур Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази омӯзиши компютериро боз ҳам васеътар кунанд.Тавре масъулин иброз доштанд, то ин замон дар ҳудуди ноҳия хонаи ақди никоҳ мавҷуд набуд ва шаҳрвандон ин маросимро аслан дар ҷамоатҳо баргузор мекарданд.Дар ин бинои навбунёд маросими ақди никоҳи 5 оилаи ҷавон баргузор гашт. Сарвари давлат ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои арзишманд тақдим карда, барояшон бахти сафед таманно намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






